Ба сокинони деҳоти Язгулом муҳтавои ҳидоятҳои Пешвои миллат шарҳ дода шуд

Декабрь 21, 2020 14:05

ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода  ва роҳбарони мақомоти қудратии ноҳияи Ванҷ бо   сокинону фаъолони Ҷамоати деҳоти Язгулом вохӯрӣ доир намуданд.

Ҳадафи мулоқот аз шарҳи муҳтавои ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, риояи қоидаҳои зидди сӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии серхароҷот, вусъати раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ, омодагӣ ба Иди байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили озмунҳо, ба роҳ мондани фаъолияти доимии боғҳои фарҳангӣ, шинонидани ниҳолҳо, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ,  ҳолати пешгирии бемории сироятии  COVID-19 ва тадбирҳои андешидашуда дар ин  самт иборат буд.

Ҷамоати деҳоти Язгулом дорои беш аз 6 ҳазор нафар аҳолӣ буда, сокинони он  ба шарофати дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва меҳнати аҳлона симои деҳотро куллан тағйир дода, ба натиҷаҳои чашмрас ноил гашрдидаанд.

Солҳои охир барои рушди иҷтимоии Ҷамоати деҳоти Язгулом аз ҷониби Ҳукумат тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, биною иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шудаанд. Алҳол дар ин ҷамоат 7 муассисаи таҳсилоти асосию умумӣ, 4 китобхона, қасри фарҳанг, беморхонаи минтақавӣ, маркази саломатӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ ва таваллудхона ба мардум хизмат мерасонанд.

Декабрь 21, 2020 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҳисобкунаки интелектуалӣ насб мешавад
ТАВАҶҶУҲ! Дар ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» телефонҳои боварӣ ташкил карда шуданд
«GREEN AUTO». Татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» ба пешрафти ин соҳа мусоидат менамояд
Дар Самарқанд лоиҳаи нави «Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ (SECCA)» ба роҳ монда шуд
Дар Павилиони Тоҷикистон дар ҳошияи COP27 дар Шарм-уш-Шайхи Миср интиқоли энергияи тоза дар саросари ҷаҳон баррасӣ шуд
БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БАРЕД! Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба аҳолии мамлакат
Мирзо Исмоилзода: Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ беш аз 15 млрд кВт. соатро ташкил дод
Фатҳиддин Усмонзода: Ба миқдори 300 ҳазор кВт/соат ба ҳисоби миёна қувваи барқро сарфа кардем
Дар Бадахшон ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ қарзи истифодаи барқ ҷамъоварӣ гардид
Дар маркази ноҳияи Хуросон 15 нуқтаи фурӯши ангишт ба сокинон хизмат мерасонанд
Ба сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтавои муроҷиатномаи «Барқи тоҷик» бо усули «Хона ба хона» расонида шуд
Санҷишҳои муштарак дар минтақаи Рашт 73 ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқро ошкор карданд