Ҳукумати ИМА барои дастгирии системаҳои оксигени тиббӣ бар зидди COVID-19 ба Тоҷикистон 2,6 миллион доллар ҷудо мекунад
ДУШАНБЕ, 30.12.2012/АМИТ «Ховар»/. Сафорати ИМА дар Душанбе, тавассути Намояндагии нави Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID), қисми аввали таҷҳизоти таъминоти оксигени тиббиро барои бемороне, ки зидди COVID-19 мубориза мебаранд, дирӯз, 29 декабр ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуд. Ин барномаи дастгирии оксигенӣ илова ба тақрибан 5 миллион доллар кумаки тиббӣ мебошад, ки ҳукумати ИМА аллакай барои мубориза бар зидди COVID-19 дар тӯли соли 2020 ба Тоҷикистон расонидааст.
Иҷрокунандаи вазифаи директори Намояндагии USAID дар Тоҷикистон Кит Симмонс ба муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода 200 зарфи оксигени тиббиро дар маросими расмӣ имрӯз супорид (ДАР АКС). Тоҷикистон дар қатори 11 кишварҳое, ки аз ҳукумати ИМА кӯмаки оксигенӣ мегиранд, қарор дорад ва ин дар маҷмӯъ дар ҷаҳон 18 миллион долларро ташкил медиҳад.
Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм талошҳои Тоҷикистонро барои пешгирии паҳншавии COVID-19 арзгузорӣ намуда, қайд кард: «Мо шарикии худро бо мардуми Тоҷикистон қадр мекунем ва садоқати худро баҳри ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон дар вокуниш ба пандемияи COVID-19 изҳор менамоем.»
Оксигени иловагӣ табобати муҳим ва наҷотбахши одамони мубталои COVID-19 мебошад. Илова ба зарфҳои оксигенӣ Сафорати ИМА дар соли оянда барои насб намудан дар беморхонаҳои Тоҷикистон се дастгоҳи пешрафтаи тавлиди оксигенро таъмин хоҳад кард.
Аз оғози пандемияи COVID-19, Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон барои беҳтар намудани таъминоти оксигенӣ, фаъолияти лабораторияҳои тиббӣ, фароҳам овардани имкониятҳои шуғл барои шахсони бекормонда, дастгирии ғизоӣ ба осебпазиртарин қишри аҳолӣ ва ғайра бештар аз 7,5 миллион доллар таъмин намудаст.
АКС: Сафорати ИМА дар Душанбе








Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд






