Вазири корҳои хориҷии Германия Ҳайко Маас: бо ихроҷи саросемавори қӯшунҳо набояд раванди сулҳи Афғонистонро халалдор намуд
ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Иқдомоти вобаста ба хуруҷи қӯшунҳо аз Афғонистон бояд бодиққат андешида шуда бошанд, то дастовардҳо тахриб ва ба раванди сулҳ осеб расонида нашавад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи сешанбе дар Берлин вазири корҳои хориҷии Германия Ҳайко Маас қабл аз музокироти онлайн бо ҳамкоронаш аз кишварҳои НАТО ибрози назар намудааст.
«Хуруҷ бояд ба шароити мушаххас вобаста бошад. Афғонистон ба сулҳ ва амният ниёз дорад», — гуфт ӯ.
«Набояд чунин шавад, ки бар асари манёврҳои саросемавори хуруҷи қӯшунҳо аз Афғонистон ба раванди сулҳ осеб бирасад», — илова кард Маас.
Ба гуфтаи ӯ, дар шароити кунунӣ «ирсоли сигналҳои нодуруст» ҷоиз нест.
Акс: AFP








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






