Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар 27-умин иҷлосияи Шӯрои вазирони САҲА иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 04.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар иҷлосияи 27-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки бо дарназардошти ҳамагирии COVID-19 дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар баробари авлавияти Тоҷикистон дар се ченаки фаъолияти фарогири амниятии САҲА – сиёсӣ-низомӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ, инчунин доир ба чолишҳои умдаи ҷаҳони муосир, аз қабили мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тағйирёбии иқлим изҳори назар карда, дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар дар ин маврид ёдовар шуд.
Сироҷиддин Муҳриддин аз кӯшишҳои барои таҳкими сохтории САҲА равонашуда истиқбол намуда, омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати роҳандозии ҳамкории созанда бо САҲА ва ниҳодҳои он бо мақсади таъмини сулҳ ва рушд дар минтақаи Созмон иброз дошт.
Шӯрои вазирон мақоми марказии тасмимгирӣ ва идоракунии САҲА буда, солона ба вазирони корҳои хориҷии 57 кишвари ширкаткунандаи САҲА имкон медиҳад, то фаолияти созмонро баррасӣ ва арзёбӣ намуда, муколамаро дар масъалаҳои амниятӣ тақвият диҳанд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд






