Вазири нақлиёт аз саривақт тоза нагардидани роҳҳои мошингард аз барф изҳори нигаронӣ намуд

Декабрь 31, 2020 10:18

ДУШАНБЕ, 31.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Барои саривақт тоза накардани роҳ ва истифода набурдани  маводи зиддилағжиш дар роҳи  мошингарди Душанбе – Қалъаихум — Хоруғ, дар минтақаи Ваҳдат – Норак, ки боиси банд гардидани ҳаркати нақлиёт шуд, сардори идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ҳисор Самад Салим аз вазифа озод гардида, ба сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳои автомобилгарди ноҳияи Ваҳдат Карим Расулов ва сардори шуъбаи банақшагирии Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо Эгамбердӣ Хӯҷаев танбеҳ дода шуд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ  Азим Иброҳим дар ҷаласаи назоратии вазорат  изҳори нигаронӣ кард, ки новобаста аз он, ки тамоми корхонаву муассиаҳои вазорат  тибқи нақшаи тасдиқшуда бо маводи зиддилағжишу техникаи роҳнигоҳдорӣ таъминанд, вале аз хунукназарии мутасаддиён ҳолатҳои сари вақт тоза нагардидани роҳ аз барф ба мушоҳида мерасад, ки ин боиси банд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе минтақаҳо мегардад.

Вазир изҳор дошт, ки сардиҳои зимистон нав оғоз шуданд ва тибқи пешгӯии мутахассисони обуҳавошиносӣ дар пеш боришоту сардӣ пешбинӣ гардидааст ва мо бояд ҳар дақиқа омода бошем, то ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо таъмин бошад.

Ба масъулини соҳа супориш дода шуд, ки пайваста дар ҳолати омодабош қарор дошта, техникаву механизмҳои роҳнигоҳдорӣ бояд пайваста омодаи кор бошанд.

«Барои ба саҳлангорӣ роҳ додан ва бо айби муассисае агар ҳаракати нақлиёт дақиқае банд гардад, мутасаддиён ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, — таъкид намуд  вазир.

Вазири нақлиёт ҳамчунин аз он изҳори норозигӣ кард, ки новобаста аз он ки шахсан бо роҳбарони корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётӣ вохӯрӣ намуда, барои ба зимистонгузаронӣ омодагӣ дидан дастурҳо дода буд, вале ҳанӯз ҳам на ҳамаи ҷамъиятҳо ба ин масъала ҷиддӣ муносибат мекунанд. Ҳанӯз ҳам ронандаҳо бе омодагӣ ба зимистон, яъне бо чархҳои тобистона (капронӣ), бе занҷиру бел ва ҳатто бе омода будани мошинашон ба зимистон ба сафар мебароянд. Воситаи нақлиёташон дар роҳ ё вайрон мешавад ё ба ағабаҳо баромада натавониста, ҳаракати нақлиётро банд мекунанд. Баъзан дар ин масъала нозирони роҳ ҳам хунукназарӣ менамоянд.

Дар ин росто, Вазир ба масъулини соҳа супориш дод, ки кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар ҳамкорӣ бо нозирони БДА бояд дар ин маврид чораҷӯӣ намуда, мошинҳои ба зимистон омода набударо қаблан огоҳ намоянд.

Бояд зикр кард, ки ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» Вазорати нақлиёт нақшаи чорабиниҳоро оид ба сари вақт омода намудани соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021  тасдиқ намуда, Ситоди фаврии доимоамалкунанда таъсис дода шуд.

Дар муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳо бо назардошти бақияи мавсими гузашта маводи зиддилағжиш, сӯзишвории дизелӣ ва ҳезум харид ва захира гардид.  Барои фаъолияти мунтазам ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳо дар ин давра дар муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард 548 техника омода  шудаанд. Аз ҳисоби техникаҳои ин муассисаҳо 11 гурӯҳи зудамал ташкил ва дар мавсими тирамоҳу зимистон ҳангоми ҳолатҳои фавқулода сафарбар мегарданд. Новобаста аз ин, аз ҷониби вазорат барои таъмини ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар роҳҳо ва ағбаҳо аз ҳисоби роҳбарият ва кормандони масъули соҳа гуруҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард аз ҳисоби маблағҳои мутамарказонидашудаи вазорат либосҳои махсус ва пойафзолҳои корӣ ҷудо карда шудааст.

Акси аввал аз бойгонӣ

Декабрь 31, 2020 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст