Вокуниши Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба изҳороти Вазири корҳои хориҷии Амрико оид ба озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон

Декабрь 9, 2020 15:00

 ДУШАНБЕ, 09.12.2020. /АМИТ “Ховар”/. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба изҳороти Вазири корҳои хориҷии Амрико, ки зимни он Тоҷикистон дар радифи кишварҳои аз лиҳози озодиҳои динӣ боиси нигаронии хос дониста шудааст, изҳори нигаронӣ менамояд.

Ҷониби Кумита ба хулосаи ин изҳорот ва гузоришҳои Депортаменти давлатии ИМА, ки дар он сатҳи кунунии озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин дар Тоҷикистон зери суол меравад, розӣ буда наметавонад. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузашта низ иҳзор дошта буд, ки чунин гузоришҳо асоси воқеӣ надошта, сарчашмаи онро матбуоти ғайрирасмӣ ташкил медиҳад ва имрӯз низ қотеъона ҳамин мавқеъро баён медорад.

Бо дарназардошти он ки гузоришҳои солонаи Депортаменти давлатии Амрико ва Комиссияи байналмилалӣ оид ба озодиҳои мазҳабӣ дар мавриди озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон тақрибан бетаҳрир ва якранг интишор мешаванд, ҷониби Кумита борҳо дархост намуда буд, то як комиссияи вижа ба Тоҷикистон сафарбар шуда, бо вазъи воқеии фазои динӣ ва бурду бохти давлати мо дар ин арса шинос гардидаву дар ин замина гузоришҳои воқеӣ таҳия намояд. Зеро агар аз рӯи адолат ва воқеият назар намоем, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии худ ба як силсила дастовардҳо дар соҳаи дин ноил гардидааст, ки нодида гирифтани ин дастовардҳо ва шомил кардани мамлакати мо ба рӯйхати давлатҳое, ки дар онҳо озодиҳои диниву маҳзабӣ комилан нақз мешаванд, камоли беинсофист.

Аз ин лиҳоз, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба созмону ниҳодҳое, ки баҳогузории вазъи фазои динии кишварҳоро самти фаъолияти худ қарор додаанд, бори дигар ҷиҳати ҳамкории мутақобила изҳори омодагӣ менамояд. Зеро ҷониби Кумита бар он бовар аст, ки роҳи расидан ба муваффақият на пешниҳоди гузоришу хулосаҳои яксамтаву ғайривоқеӣ, балки ҳамкории воқеии дуҷониба мебошад.

Декабрь 9, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад