ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ. Дар Хатлон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва кӯчонидани сокинон ба мавзеъҳои бехавф ҷараён доранд

Декабрь 29, 2020 11:47

ДУШАНБЕ, 29.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон  мутахассисон  401 мавзеъро хавфнок арзёбӣ намудаанд, ки  дар онҳо  эҳтимоли рух додани офатҳои табиӣ вуҷуд доранд. Дар ҳама мавсими сол  барои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва кӯчонидани сокинон ба мавзеъҳои бехавф ҷараён доранд. Ин нуктаро сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, муовини раиси Комиссияи вилоятӣ Сулаймон Исозода дар ҷаласаи Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ки  оид ба ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид, баён намуд.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд,  дар ҷаласаи мазкур раванди иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021», омодагӣ ва банақшагирии чорабиниҳои пешгирикунанда аз ҳолати фавқулодда дар мавсими баҳори соли 2021 баррасӣ гардиданд.

Дар кори ҷаласа Раиси Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок намуда,  оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва пешгирии он маърӯза намуд.

Мавсуф зикр кард, ки  «Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ҳамасола ба ҳодисаҳои офати табиӣ дучор мешавад. Омадани селу ярч тарма, заминларза аз ҳодисаҳое ҳастанд, ки рух доданашон бо тағйир ёфтани иқлим аз эҳтимол дур нест. Соли равон дар ҳудуди вилоят 3 ҳолати фавқулоддаи хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи ин ҳодисаҳо  ба аҳолӣ ва иқтисодиёти вилоят ба маблағи умумии 8 миллиону 218 ҳазору 175 сомонӣ зарар расидааст».

Ҳамчунин зикр гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти маҳаллӣ ноҳияи Хуросон барои рафъи ҳолатҳои фавқулода дар мавзеъҳои осебпазир корҳои назарасро анҷом додааст.

Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Салимзода иброз намуд, ки «ҳамасола бо рух додани офатҳои табиӣ иншооти ёрирасони сокинон ва манзилҳои зисту заминҳои корам аз истифода мебароянд. Офатҳои табиӣ ба маҳалҳои аҳолинишин таъсири манфӣ расонида, мутаассифона, боиси фавти одамон, харобшавии инфрасохтор мешаванд ва барои рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии мамлакат монеа эҷод мекунанд. Дар робита ба ин, қабул ва амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 барои Тоҷикистон иқдоми муҳими сиёсӣ мебошад».

Бояд гуфт, ки фаъолият оид ба пешгирии офатҳои табиӣ ва бартараф кардани оқибатҳои онҳо дар Тоҷикистон дар доираи Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои ва мақомоти ҳамоҳангсоз, ки комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода дар сатҳи миллӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ҳамчунин дар сатҳҳои ҷамоатҳо ва ташкилотҳо мебошанд, анҷом меёбад. Ба ҳайати комиссияҳои мазкур, ки аз ҷониби шахси мансабдор дар сатҳи дахлдор роҳбарӣ карда мешавад, намояндагони ҳамаи мақомоти давлатии дахлдор дохил мешаванд. Раиси комиссия дар сатҳи миллӣ Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи вилояту шаҳру ноҳияҳо раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо мебошанд.

Декабрь 29, 2020 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид