Тавсияи мутахассис Ҳикматулло Назиров: «Моҳҳои ноябр, декабр ва январ беҳтарин давра барои ниҳолшинонӣ мебошад»
ДУШАНБЕ, 21.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Беҳтарин давра барои шинонидани дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанд а- ин охири моҳи ноябр ва декабру январ мебошад. Зеро дар ин муддат ҳолати оромиши ниҳол дар зери хок гузашта, он барои сабзиши оянда хубтар мутобиқ мегардад. Чунин тавсия медиҳад директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ба боғпарварони мамлакат.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, ниҳолшинонӣ бояд аз рӯи қоидаҳои боғдорӣ амалӣ гардад.
«Қоидаҳои асосие, ки бояд барои шинонидани ниҳол риоя карда шаванд, интихоби дурусти навъҳои ниҳол, замин ва нуриҳои минералӣ мебошанд. Инчунин ҳар ниҳол ба минтақаи махсус хос аст, аз ин рӯ минтақаро низ хуб ба назар гирифтан зарур аст. Қоидаи асосӣ- ин кандани чуқурчаҳо барои ниҳол мебошад, ки чуқурӣ ва паҳноии он бояд ба на камтар аз 50-60 см канда шавад. Дар ҳолати кандани чуқурӣ бояд хокро ба се қисм ҷудо намуд-болоӣ, миёна ва охирин ва баъди ниҳолро гузоштан баръакси онро иҷро мекунем. Яъне аввал хоки қисми боло, сипас хоки миёна ва дар охир хоки қисми поёнро мегузорем. Инчунин ба хоки қисмати боло бояд 50-60 гр нуриҳои минералӣ ҳамроҳ намоем, ки барои инкишофи ниҳол муфид мебошад»,-изҳор дошт номбурда.
Ҳикматулло Назиров зикр дошт, ки “баландии ниҳол на камтар аз 1,20 ё 1,30 см, ғафсии танаи он 2-3 см буда, решаи он бояд се пойчаи реша ва решачаҳои ҷаббанда дошта бошад. Инро набояд фаромӯш сохт, ки пеш аз шинонидан ниҳолро 8 соат дар ширахок нигоҳ доштан лозим аст. Ширахокро мо аз порӯи ҳайвонот, нуриҳои минералӣ ва обу хок омода мекунем. Аҳамияти ширахок он аст, ки системаи реша ва вуҷуди онро бо об таъмин месозанд ва ниҳол тамоми ин ғизоро ба худ ҷаббида, гирифта, баъд аз шинонидани он зуд мутобиқ мегардад. Ба замине, ки намнокии он муътадил бошад, 5 ё 6 литр об ва агар намнокӣ кам бошад, зиёда аз 10 литр об рехтанамон зарур аст».
Мутахассиси соҳаи кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров аз шинонидани ниҳолҳои ороишию сояафкан ва пас чанд муддат хушк шудани онҳо норозигӣ баён намуда, гуфт, ки «шинонидани ин гуна дарахтон аз ниҳолҳои мевадиҳанда фарқ дошта, кори нозук мебошад. Зимни шинонидани ин гуна ниҳолҳо бештари вақт қоидаҳои асосӣ риоя карда намешаванд. Дар мавриди шинонидани ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз ҳаминро тавсия медиҳам, ки решаи ин гуна ниҳолҳоро бояд бо хокашон дар халтаҳои махсус ё пахтагин печонидан зарур аст. Зеро решаи онҳо хело нозук мебошад. Инчунин пеш аз шинонидани ин гуна дарахтон чуқурии онро на камтар аз 1 ё 1,5 метр канданамон лозим аст».
Тибқи Агентии омори ҷумҳурӣ, то аввали моҳи ноябри соли равон дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 2184 гектар боғи нав бунёд карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,4 фоиз кам аст.
Аз масоҳати умумии боғҳо дар 933 гектар мевагиҳои тухмдор, дар 866 гектар мевагиҳои донакдор, дар 316 гектар мевагиҳои мағздор, дар 49 гектар меваи субтропикӣ ва дар 19 гектар меваҳои ситрусӣ шинонида шудаанд.
Аз миқдори умумии боғҳои нав 1694 гектар дар заминҳои лалмӣ бунёд карда шудаанд. Дар ҳамин давра 388 гектар токзори нав бунёд карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 фоиз зиёд аст. Ба ғайр аз ин 1795 гектар боғ ва 164 гектар токзор барқарор карда шудаанд.
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид






