Зимни машварати корӣ ба сокинону фаъолони ноҳияи Спитамен моҳияти дастурҳои Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд

Декабрь 23, 2020 16:10

ДУШАНБЕ, 23.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону масъулини сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен машварати корӣ доир намуд.

Мавлуда Қаландарзода сипоси Пешвои миллатро ба сокинони ноҳияи Сипитамен  барои  иштироки фаъолона дар чорабинии муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонид.

Дар машварати корӣ масъалаҳои марбут ба истифодаи самараноки неруи барқ, риояи қоидаҳои зиддисӯхтор, худдорӣ аз истифодаи таҷҳизоти барқии серхароҷот ва пардохти саривақтии  ҳаққи истифодаи неруи барқ баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон зимни машварати корӣ раванди корҳои  бунёдкорию созандагӣ бахшида ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ,   хусусан бунёди иншооти таъйиноти гуногун, таъмири манзилҳои истиқоматии сокинон то ҷашни миллӣ, омодагӣ ба иди байналмилалии Наврӯз, ташкили озмунҳои фарҳангӣ, илмию фаннӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, ба роҳ мондани фаъолияти доимии боғҳои фарҳангу фароғатӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ ва ташкили ярмаркаҳои фурӯши ниҳол матраҳ гардиданд.

Дастур дода шуд, ки заминҳои корам, хусусан  қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ва гармхонаҳо оқилонаю самаранок истифода гарданд, инчунин ҳар оила бояд захираи озуқа дошта бошад. Дар ин замина таъкид гардид, ки ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот дар бозорҳо ва нуқтаҳои муайян ташкил  ва аҳолӣ бо маводи озуқа таъмин шавад. Дар машварати корӣ инчунин ҳолати санитарию эпидемикӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ матраҳ шуд.

Баъди анҷоми машварати корӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода  дар кӯчаи марказии ноҳияи Спитамен ниҳолои дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шуданд.

Декабрь 23, 2020 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Корманди Вазорати энергетика ва захираҳои об ин мавзуъро шарҳ дод
Истифодаи оқилонаи барқ қадами устувор барои рушди иқтисоди давлат аст
Гузариши «сабз» шарти асосии эҳёи иқтисодиёти Тоҷикистон ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим аст
ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Асбоби электрикӣ дар реҷаи интизорӣ ҳам энергия истеъмол мекунад
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар соҳаи энергетика ва захираҳои об матраҳ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҳисобкунаки интелектуалӣ насб мешавад
ТАВАҶҶУҲ! Дар ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» телефонҳои боварӣ ташкил карда шуданд
«GREEN AUTO». Татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» ба пешрафти ин соҳа мусоидат менамояд
Дар Самарқанд лоиҳаи нави «Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ (SECCA)» ба роҳ монда шуд
Дар Павилиони Тоҷикистон дар ҳошияи COP27 дар Шарм-уш-Шайхи Миср интиқоли энергияи тоза дар саросари ҷаҳон баррасӣ шуд
БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БАРЕД! Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба аҳолии мамлакат
Мирзо Исмоилзода: Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ беш аз 15 млрд кВт. соатро ташкил дод