ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Айнӣ Нишони давлатӣ бо баландии 22 метр ва Парчами давлатии 50-метра бунёд мегарданд
ДУШАНБЕ, 6.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ сохтмони Нишони давлатӣ бо баландии 22 метр, Парчами давлатӣ бо баландии 50 метр ва дар Ҷамоати деҳоти Анзоб бинои мактаб-интернати сеошёна барои 220 нафар тарбиятгирандагон ҷараён дорад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, майдони Нишон ва Парчам дар маркази ноҳия бунёд гардида, атрофи он бо тарҳи хосса ороиш ёфта, дар он барои истироҳату фароғати сокинон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Дар бинои навсохти мактаб-интернат дар Ҷамоати деҳоти Анзоб тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шуда, дар баробари синфхонаҳои таълимӣ ҳамзамон коргоҳҳои дӯзандагиву дуредгарӣ ва синфхонаи компютерӣ ташкил шудаанд.
Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Анзоб бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22, ки ба таъмир ниёз дорад, навсозӣ гардида, барои хонандагон толори варзишӣ бунёд мегардад.
Дар ин муассисаи таълимӣ айни замон 292 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуда, 26 нафар омӯзгорон ба хонандагон дарс мегӯянд.
Ёдовар мешавем, ки то ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ бунёду баистифодадиҳии 499 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 414 иншоот мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома дошта, то ҷашни Истиқлоли давлатӣ боз даҳҳо биноҳои иҷтимоӣ ифтитоҳ мешаванд.










Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»






