Ҷайҳун: Таҷрибаю кордонии деҳқони асил Назаралӣ Абдурасулов намунаи ибрат аст
ДУШАНБЕ, 30.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Сокини ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон, собиқадорони меҳнат Назаралӣ Абдурасулови 68-сола 18 сотих замини наздиҳавлигиашро ҳамроҳи фарзандон пурсамар истифода намуда, ҳар сол аз он то се ҳосил мерӯёнад. Ин деҳқони асил ҳамчунин гармхонаи лимӯпарварӣ ташкил намуда, даромади аз он ба даст овардаашро сарфи корҳои ободонӣ ва бунёди боғ менамояд. Номбурда собиқаи беш аз 40-солаи кор дар арсаи иқтисоду кишоварзӣ ва хизмати давлатӣ дошта, бо меҳнати содиқонааш бар нафъи ҷомеа соҳиби обрӯву эҳтиром гардидааст.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, 30 январ дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ҷайҳун Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода собиқадорони меҳнат Назаралӣ Абдурасуловро аёдат намуд. Раиси вилоят аз замини наздиҳавлигии Н.Абдурасулов дидан карда, барои истифодаи самарабахши он баҳои баланд дод. Қурбон Ҳакимзода фаъолияти бисёрсолаю бенуқсони ин деҳқони асил ва дастовардҳояшро дар соҳаи кишоварзию боғдорӣ ёдовар шуда, онро намунаи ибрати мутахассисони ҷавон арзёбӣ кард.
“Таҷрибаю кордонии ин деҳқони меҳнатдӯст бояд дар пешбурди корҳои кишоварзӣ фаровон истифода карда шавад. Навкорон бояд аз ӯ тарзи истифодаи замин, умуман кори деҳқониро биомӯзанд”,-афзуд раиси вилоят.








Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд






