Ҷайҳун: Таҷрибаю кордонии деҳқони асил Назаралӣ Абдурасулов намунаи ибрат аст

Январь 30, 2021 10:40

ДУШАНБЕ, 30.01.2021. /АМИТ «Ховар»/Сокини  ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон,  собиқадорони меҳнат Назаралӣ Абдурасулови 68-сола  18 сотих замини наздиҳавлигиашро  ҳамроҳи фарзандон пурсамар истифода намуда, ҳар сол  аз он то се ҳосил мерӯёнад. Ин деҳқони асил  ҳамчунин  гармхонаи  лимӯпарварӣ ташкил намуда,  даромади  аз он ба даст овардаашро  сарфи корҳои ободонӣ ва бунёди  боғ менамояд. Номбурда собиқаи беш аз 40-солаи кор дар арсаи иқтисоду кишоварзӣ ва хизмати давлатӣ дошта, бо меҳнати содиқонааш бар нафъи ҷомеа соҳиби обрӯву эҳтиром гардидааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, 30 январ дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ҷайҳун Раиси вилоят  Қурбон Ҳакимзода собиқадорони меҳнат Назаралӣ Абдурасуловро аёдат намуд. Раиси вилоят аз замини наздиҳавлигии Н.Абдурасулов дидан карда, барои истифодаи самарабахши он баҳои баланд дод. Қурбон Ҳакимзода фаъолияти бисёрсолаю бенуқсони ин деҳқони асил ва  дастовардҳояшро  дар соҳаи кишоварзию  боғдорӣ ёдовар шуда, онро намунаи ибрати мутахассисони ҷавон арзёбӣ кард.

“Таҷрибаю кордонии ин деҳқони меҳнатдӯст бояд  дар пешбурди корҳои кишоварзӣ  фаровон истифода карда шавад. Навкорон бояд аз ӯ тарзи истифодаи замин, умуман кори деҳқониро биомӯзанд”,-афзуд раиси вилоят.

Январь 30, 2021 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе модели ҳамкории минтақавӣ ва табодули дониш баррасӣ гардид
Тсюй Дунъюй ба муборизаи муштарак бо таҳдидҳои иқлимию иқтисодӣ даъват намуд
Агаси Арутюнян: «Конфронси 35-уми минтақавии ФАО барои муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон ва иқтидори кишоварзии он имконияти васеъ фароҳам меорад»
Байни ширкатҳои Тоҷикистону Чин 28 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 647 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ифтитоҳ гардид
Иқтидори кишоварзии Тоҷикистон дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии ФАО дар Душанбе муаррифӣ карда шуд
Имрӯз дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ муколаимаи инвеститсионӣ баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
Форуми «Сармоягузорӣ ба илм ва навоварии ҷавонон: Назари минтақавии форуми ҷаҳонии озуқаворӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ оғоз мешавад
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хоҷамастон» дар як рӯз то 700 дона хишт истеҳсол менамояд