Ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба марҳилаи нав ворид гардид

Январь 15, 2021 11:02

ДУШАНБЕ, 15.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷамшед Муртазодзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гасен Маметзаде мулоқот намуданд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, зимни мулоқоти судманду самимӣ таъкид карда шуд, ки  Парлумони Тоҷикистон ба густариши муносибот бо Ҷумҳурии Озарбойҷон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Зеро  мардумони моро дӯстӣ ва арзишҳои муштараки фарҳангӣ ва расму ойин аз давраҳои қадим пайванд намудаанд.

Ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Озарбойҷон ба таври анъанавӣ ва дар рӯҳияи эҳтиром ва шарикии тарафайн густариш меёбад. Байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ, мисли СММ, САҲА ва ИДМ ба роҳ монда шудааст.

Кишварҳо ҳавасмандии худро барои дар оянда боз ҳам бештар ривоҷ додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла, дар бахши ҳуқуқ, тандурустӣ, кишоварзӣ, сиёсати ҷавонон, варзиш, туризм ва ғайра зоҳир менамоянд.

Дар мулоқот ҳамчунин зикр гардид, ки гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории парлумонҳои кишварҳои мо дар ин замина корҳои зиёдеро дар самти тақвияти маҷмӯи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории байнидавлатӣ ва мусоидати парлумонӣ барои таҳкими фаъолияти Комиссияи байнипарлумонӣ, махсусан дар бахши мавриди иҷро қарор гирифтани қарордод ва созишномаҳои имзошуда анҷом додаанд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба марҳилаи нав ворид карда шуда, дар оянда барои тақвияти ин равобит тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Январь 15, 2021 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид