Ҳарифони «Равшан» ва «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2021 муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 31.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар Куала Лумпур маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 доир шуд. Дар натиҷа ҳарифони клубҳои футболи Тоҷикистон – «Равшан« ва «Хуҷанд« – муайян гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон – дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар гурӯҳи “Е” бозӣ мекунад. Ҳарифонаш чемпиони Қирғизистон “Дордой”-и Бишкек ва барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Туркманистон “Аҳал” ҳастанд.
Барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон – дастаи “Хуҷанд” бошад, дар гурӯҳи “F” бо дастаҳои футболи АГМК ё “Насаф”-и Узбекистон, “Олтин Асир”-и Туркманистон ва “Алай”-и Қирғизистон бозӣ мекунанд.
Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 ба таври мутамарказ аз 14 то 20 май сурат мегирад. Ғолибони гурӯҳҳо дар финали минтақавӣ, ки аз ду бозӣ иборат буда, 11 ва 25 август баргузор мешавад, вомехуранд.
Ҷоми КФО-2021
Минтақаи марказӣ
Гурӯҳи «Е»:
«РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН)
«Дордой» (Қирғизистон)
«Аҳал» (Туркманистон)
Гурӯҳи «F»:
АГМК ё «Насаф» (Узбекистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон)
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)
«Алай» (Қирғизистон)
Ҷоми AFC 2021
Минтақаи марказӣ
Гурӯҳи «E»
«РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН)
«Дордой» (Қирғизистон)
«Ахал» (Туркманистон)
Даври 1
14 май (ҷумъа)
“Ахал” (Туркманистон) — “РАВШАН” (ТОҶИКИСТОН)
Даври 2
17 май (Душанбе)
«Дордой» (Қирғизистон) — «Ахал» (Туркманистон)
Даври 3-юм
20 май (панҷшанбе)
«РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН) — «Дордой» (Қирғизистон)
Гурӯҳи «F»
АГМК ё «Насаф» (Узбекистон)
» Олтин Асир» (Туркманистон)
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)
«Алай» (Қирғизистон)
Даври 1
14 май (ҷумъа)
АГМК ё «Насаф» (Узбекистон) — «Алай» (Қирғизистон)
» Олтин Асир » (Туркманистон) — «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)
Даври 2
17 май (Душанбе)
«Алай» (Қирғизистон) — » Олтин Асир » (Туркманистон)
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) — АГМК ё «Насаф» (Узбекистон)
Даври 3-юм
20 май (панҷшанбе)
АГМК ё «Насаф» (Узбекистон) — » Олтин Асир » (Туркманистон)
«ХУДҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) — «Алай» (Қирғизистон)
АКСҲО аз ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд






