Аз оғози соли 2021 музди меҳнати кормандони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 5 фоиз зиёд мешавад
ДУШАНБЕ, 14.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 январи соли 2021 андозаи музди меҳнати ҳамаи кормандони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 5 фоиз зиёд гардида, омӯзгорону кормандоне, ки дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ мекунанд, аз пардохти маблағ барои истиқомат дар хобгоҳ озод карда мешаванд. Ин нуктаро ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 иброз намуд.
Тавре аз Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақсад аз иқдоми мазкур пайравӣ ва дастгирӣ аз сиёсати иҷтимоии хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки соҳаи илму маорифро самти афзалиятнок ҳисобида, пайваста барои баланд бардоштани нуфузу эътибори олимону омӯзгорон дар ҷомеа тадбирҳои муассир меандешанд.
Маҳмадалӣ Қурбонзода ҳамчунин доир ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони болаёқати ба бозори меҳнат рақобатпазир, гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ, нигоҳ доштани мавқеи донишгоҳ дар байни панҷгонаи беҳтарини макотиби олии мамлакат, истифодаи босамари технологияи иттилотию коммуникатсионӣ, нашри китобҳои дарсӣ, ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ, ташкил кардани озмуну тадбирҳои илмию фарҳангӣ, дастгирии моддию иҷтимоии маъюбону ятимони кулл ва дигар масоили муҳими мавриди назар ибрози андеша намуд.








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






