ХУҶАНД, 20.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи фаъолияти дастаҷамъонаи ниҳодҳои давлатӣ ва сафарбар намудани гурӯҳҳои корӣ ба корхонаву ташкилот ва маҳаллаҳои аҳолинишин дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд то имрӯз чанд ҳолати мавҷуд будани қарздорӣ ё истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ошкор гардид.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» масъулини маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд хабар доданд, 4 гурӯҳи корӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара аз 10 декабр то 8 январ аз ҳисоби қарздорӣ аз барқ зиёда аз 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ рӯёниданд.
Дар ин давра дар ноҳияи Мастчоҳ низ 4 гурӯҳи корӣ фаъолият бурда, зиёда аз 2 770 000 сомонӣ маблағи қарзӣ барқарор карда шуд.
Дар шаҳри Гулистон аз ҷониби 7 гурӯҳи корӣ қариб 2 500 000 сомонӣ маблағи қарзӣ ҷамъоварӣ гардид, ки он асосан қарздорӣ аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади ба аҳолӣ шарҳ додани муҳтавои Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик», мусоидат намудан ба таъмини саросарии сокинони мамлакат бо неруи барқ, корбарии сарфакоронаву мақсаднок ҳангоми истифодаи таҷҳизоти барқӣ ва инчунин пешгирии истифодаи нооқилонаву ғайриқонунии неруи барқ, ки метавонад иқтидори энергетикии мамлакатро ҳифз намояд, имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ситодҳои корӣ ва гурӯҳҳои тарғиботӣ ташкил гардида, беш аз як моҳ инҷониб аз ҷониби ин гурӯҳҳо корҳои тарғиботӣ ҷараён доранд. Аз ҷумла, дар ин самт корбарии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ назаррас мебошад.
Зикр гардид, ки фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ҳамарӯза таҳлилу ҷамъбаст ва барои натиҷабахшии фаъолияти минбаъда дастур дода шуда, имконияти самараноки кор бо муштариёни барқ ва аз ҳисоби қарздорон рӯёнидани маблағ мавзӯи меҳварии ҷаласаҳои корӣ мебошад.