Аъзои КМИ Россия аз сарони комиссияҳои интихоботии Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Молдова даъват карданд, ки интихоботи Думаи давлатиро мушоҳида намоянд
ДУШАНБЕ, 11.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои Комиссияи марказии интихоботии Россия раисони комиссияҳои интихоботии Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Молдоваро ҷиҳати ширкат дар мушоҳидаи байналмилалии интихоботи вакилони Думаи давлатӣ, ки 19 сентябри соли 2021 ба нақша гирифта шудааст, даъват карданд. Тибқи иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС, дар ин бора дар паёми КМИ Федератсияи Россия дар Фейсбук гуфта шудааст.
Дар КМИ хотиррасон карданд, ки аъзои КМИ Евгений Шевченко, Антон Лопатин ва Сергей Сироткин рӯзи якшанбе дар мушоҳидаи интихоботи вакилони Маҷлиси (палатаи поёнии парлумон) Қазоқистон ширкат варзиданд ва узви комиссия Сиёбшоҳ Шапиев раванди овоздиҳиро дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ ва раъйпурсӣ оид ба муайян кардани шакли ҳукумат дар Қирғизистон мушоҳида намуд.
«Аъзои Комиссияи марказии интихоботии Россия аз номи (раиси КМИ Федератсияи Россия) Элла Памфилова раисони комиссияҳои марказии интихоботии Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Молдоваро барои иштирок дар мушоҳидаҳои интихоботи Думаи давлатӣ дар соли 2021 даъват карданд», — зикр карданд дар КМИ.
Дар иттилоия зикр шудааст, ки даъватномаҳои расмии КМИ Россия пас аз интишори расмии қарор дар бораи таъйин шудани интихоботи вакилони Думаи давлатӣ ба намояндагони комиссияҳо барои иштирок дар мушоҳидаи байналмилалӣ ирсол хоҳанд шуд. Тибқи қонун, интихоботро бояд Президенти Федератсияи Россия на пештар аз 110 рӯз ва на дертар аз 90 рӯз то рӯзи овоздиҳӣ, яъне дар ду даҳаи аввали моҳи июн таъйин намояд.
ДАР АКС: Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид






