Аъзои КМИ Россия аз сарони комиссияҳои интихоботии Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Молдова даъват карданд, ки интихоботи Думаи давлатиро мушоҳида намоянд

Январь 11, 2021 13:49

ДУШАНБЕ, 11.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Аъзои Комиссияи марказии интихоботии Россия раисони комиссияҳои интихоботии Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Молдоваро ҷиҳати ширкат дар мушоҳидаи байналмилалии интихоботи вакилони Думаи давлатӣ, ки 19 сентябри соли 2021 ба нақша гирифта шудааст, даъват карданд. Тибқи иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС, дар ин бора дар паёми КМИ Федератсияи Россия дар Фейсбук гуфта шудааст.

Дар КМИ хотиррасон карданд, ки аъзои КМИ Евгений Шевченко, Антон Лопатин ва Сергей Сироткин рӯзи якшанбе дар мушоҳидаи интихоботи вакилони Маҷлиси (палатаи поёнии парлумон) Қазоқистон ширкат варзиданд ва узви комиссия Сиёбшоҳ Шапиев раванди овоздиҳиро дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ ва раъйпурсӣ оид ба муайян кардани шакли ҳукумат дар Қирғизистон мушоҳида намуд.

«Аъзои Комиссияи марказии интихоботии Россия аз номи (раиси КМИ Федератсияи Россия) Элла Памфилова раисони комиссияҳои марказии интихоботии Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Молдоваро барои иштирок дар мушоҳидаҳои интихоботи Думаи давлатӣ дар соли 2021 даъват карданд», — зикр карданд дар КМИ.

Дар иттилоия зикр шудааст, ки даъватномаҳои расмии КМИ Россия пас аз интишори расмии қарор дар бораи таъйин шудани интихоботи вакилони Думаи давлатӣ ба намояндагони комиссияҳо барои иштирок дар мушоҳидаи байналмилалӣ ирсол хоҳанд шуд. Тибқи қонун, интихоботро бояд Президенти Федератсияи Россия на пештар аз 110 рӯз ва на дертар аз 90 рӯз то рӯзи овоздиҳӣ, яъне дар ду даҳаи аввали моҳи июн таъйин намояд.

ДАР АКС: Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 11, 2021 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд