БЕШАРАФИИ БЕШАРАФОН ОШКОР ШУД! Андешаҳои рӯзноманигор доир ба филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ»
ДУШАНБЕ, 22.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз пеш тариқи телевизионҳои давлатӣ филми ҳуҷҷатие ба номи «Бешарафӣ» пахш гардид, ки воқеан ҳам маводи диданӣ ва қобили мулоҳиза буд. Далелҳое, ки дар ин филм оварда шудаанд, бинандаро воқеан андешаи амиқ водор месозанд.
Андешаҳои рӯзноманигор Юсуф Ғанизодаро доир ба филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» манзури хонандагон мегардонем.
-Аҳсан ба таҳиягарони чунин филмҳои ҳуҷҷатӣ. Заҳмат кашидаанд, далелҳои асоснок ҷамъоварӣ кардаанд, ба таври касбӣ таҳлил намудаанд.
Дар бораи шахсияти “қаҳрамон”-и филм ҳамагӣ маълумот доранд. Ҳама медонанд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин як фарди сарсону овораест, ки аз халқу миллат фосила гирифтааст.
Дар ин филм далелҳои шайъии зиёд пешниҳод шудааст, ки бинанда метавонад дар бораи ҳамаи кирдорҳои номатлуби ин хиёнаткор маълумоти лозимаро дастрас намояд.
Филм як камбудиро низ равшан сохт. Маълум мешавад, ки хонандаи асил дар бораи ин гуна афроди кӯтоҳандеш кам маълумот дорад. Пешниҳод мекунем, ки гурӯҳҳои эҷодии тавонманд таҳияи чунин филмҳои ҳуҷҷатиро зиёд ба роҳ монанд ва мардуми кишвар чеҳраи аслии ин хоинонро шиносанд.
Шахсан ман вақте ин филмро тамошо кардам, чунон ба ғазаб омодам, ки чӣ гуна як шахси бадахлоқ метавонад забон дароз карда бар зидди ҳукумату давлат сухан гӯяд. Ҳол он, ки худ саропо гирифтори балову офатҳои инсонист.
Аҳсан ба Марям Давлатова ва дигарон, ки аз ҷиҳати равоншиносӣ илман далелҳои кофӣ оварданд ва шоҳидони ҳол мусоҳибаҳо анҷом доданд, ки раднопазиранд. Имрӯз чунин афрод дар фазои маҷозӣ бо даъватҳои бемантиқу бесамара фазоро олуда месозанд.
Аз номи мардум дигар сухан кардани М.Садриддин ба боди фано хоҳад рафт, зеро дар байни миллати мо барои чунин ашхоси бадахлоқ ҷой нест.








Шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоизаи Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» гардид
Имрӯз ғолибони Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҳавасманд гардонида мешаванд
Ҳайати Тоҷикистон дар Анҷумани XV онкологҳо ва радиологҳои кишварҳои ИДМ ва Авруосиё иштирок намуд
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Куруши Кабир» Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ идома дорад
Бо сокинони шаҳри Конибодом дар мавзуи худогоҳию худшиносии миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат ҳамоиш доир шуд
Дар мавзуи «Худогоҳию худшиносии миллӣ – василаи мубориза бо таассуб ва хурофот» бо сокинони шаҳри Исфара вохӯрӣ доир шуд
Кормандони Суди конститутсионии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоати шаҳри Турсунзода вохӯрӣ намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Шаҳри Хоруғ дар даври вилоятии ин озмун сазовори Шоҳҷоиза гардид
26 апрел даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад






