БЕШАРАФИИ БЕШАРАФОН ОШКОР ШУД! Андешаҳои рӯзноманигор доир ба филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ»

Январь 22, 2021 11:56

ДУШАНБЕ, 22.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз пеш тариқи телевизионҳои давлатӣ филми ҳуҷҷатие ба номи «Бешарафӣ» пахш гардид, ки воқеан ҳам маводи  диданӣ ва қобили мулоҳиза буд. Далелҳое, ки дар ин филм  оварда шудаанд, бинандаро воқеан андешаи амиқ водор месозанд.

Андешаҳои рӯзноманигор Юсуф Ғанизодаро доир ба филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» манзури хонандагон мегардонем.

-Аҳсан ба таҳиягарони чунин филмҳои ҳуҷҷатӣ. Заҳмат кашидаанд, далелҳои асоснок ҷамъоварӣ кардаанд, ба таври касбӣ таҳлил намудаанд.

Дар бораи шахсияти “қаҳрамон”-и филм ҳамагӣ маълумот доранд. Ҳама медонанд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин як фарди сарсону овораест, ки аз халқу миллат фосила гирифтааст.

Дар ин филм далелҳои шайъии зиёд пешниҳод шудааст, ки бинанда метавонад дар бораи ҳамаи кирдорҳои номатлуби ин хиёнаткор  маълумоти лозимаро дастрас намояд.

Филм як камбудиро низ равшан сохт. Маълум мешавад, ки хонандаи асил дар бораи ин гуна афроди кӯтоҳандеш кам маълумот дорад. Пешниҳод мекунем, ки гурӯҳҳои эҷодии тавонманд таҳияи чунин филмҳои ҳуҷҷатиро зиёд ба роҳ монанд ва мардуми кишвар чеҳраи аслии ин хоинонро шиносанд.

Шахсан ман вақте ин филмро тамошо кардам, чунон ба ғазаб омодам, ки чӣ гуна як шахси бадахлоқ метавонад забон дароз карда бар зидди  ҳукумату давлат сухан гӯяд. Ҳол он, ки худ саропо гирифтори балову офатҳои инсонист.

Аҳсан ба Марям Давлатова ва дигарон, ки аз ҷиҳати равоншиносӣ илман далелҳои кофӣ оварданд ва шоҳидони ҳол мусоҳибаҳо анҷом доданд, ки раднопазиранд. Имрӯз чунин афрод дар фазои маҷозӣ бо даъватҳои бемантиқу бесамара фазоро олуда месозанд.

Аз номи мардум дигар сухан кардани М.Садриддин ба боди фано хоҳад рафт, зеро дар байни миллати мо барои чунин ашхоси бадахлоқ ҷой нест.

Январь 22, 2021 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид