«Чаро пайкарасозӣ ҷавобгӯи талабот нест», «Язгулом шуҳрати Боми ҷаҳонро меафзояд»,-шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Январь 22, 2021 16:09

ДУШАНБЕ, 22.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтае, ки сипарӣ гардид, матбуоти даврии Тоҷикистон рӯйдодҳои муҳими марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳонро инъикос намудаанд.

«Ҷумҳурият» — нашрияи  расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шумораи 13 (24 120), чоршанбе, 20 январи соли 2021,  таҳти унвони «Тоҷикистон эътибори Созмони ҳамкории Шанхайро таҳким мебахшад» мақола нашр намудааст, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони як кишвари  ташаббускор ва  узви фаъоли  созмонҳои  минтақавию байналмилалӣ  дар давраи раёсаташ  ба Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) барномаи  вижаеро таҳия намудааст, ки он беш аз сад чорабинии  муҳимро дар бар мегирад. Аз ҷумла,  таҳкими  эътибори   байналмилалии ин созмони бонуфуз  ва густариши ҳамкории  амалии он бо созмонҳои  минтақавии шарик, назири  Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои  боварӣ дар Осиё аз ҳадафҳои меҳварии  барнома ё Конвенсияи  раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ  ба шумор мераванд.

Ёдовар мешавем, ки раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай 10 ноябри соли 2020  аз Федератсияи Россия ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Ин дар ҳолест, ки соли ҷорӣ аз таъсиси  созмон 20 сол пур мешавад ва қарор аст ҷаласаи ҷашнии  Шӯрои сарварони давлатҳои аъзо (саммит) 16-17  сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе таҳти раисии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардад.

Ҳамзамон дар ин шумораи «Ҷумҳурият» хонандагон имкон доранд мақолаҳои дигарро, ки таҳти унвони «Бозиҳои геосиёсӣ ва татбиқи пружаҳои динӣ-мазҳабӣ», «Шашмақом-садои тамаддуни бузург», «Язгулом шуҳрати Боми ҷаҳонро меафзояд», «Гӯсфанди ҳисорӣ- зоти  тоҷикии дар ҷаҳон беҳамто», «Забони агнлисӣ ва махсусияти омӯзиши он», «Омӯзиши луғат–омили рушди  забономӯзӣ» ба табъ расидаанд, мутолиа намоянд. Хамзамон дар саҳифаҳои дигари нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рӯйдодҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва ҷаҳон хабару гузоришҳо интишор гардидаанд.

«Садои мардум»- нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 7 (4269), сешанбе 19 январи соли 2021, дар радифи чопи  хабару гузоришҳо аз фаъолияти палатаҳои болоӣ ва поёнии Парлумони Тоҷикистон инчунин Фармонҳо, Амрҳои Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистонро дар бораи таъйиноти кадрӣ дар бархе аз мақомоти давлатии кишвар, ки ҳафтаи равон аз сӯи Президенти мамлакат сурат гирифтанд, интишор намудааст. Ҳамзамон дар ин шумораи  нашрияи Парлумонии  мамлакат мақолаҳои гуногун чоп гардидаанд, ки «Паёми Президенти мамлакат аз Конститутсия сарчашма мегирад», «Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон», «Ғафлат-«замина» барои ҳасрат» ё муносибати дуюмдараҷа ба масоили экологӣ пайомади ногувор дорад, «Чаро пайкарасозӣ ҷавобгӯи талабот нест» аз ҳамин қабиланд.

«Народная газета»-нашрияи русизабони Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз соли 1925 инҷониб мунташир мегардад, дар шумораи  3 (20284) 20 январи соли 2021 чун дигар нашрияҳои расмии кишвар Фармонҳо, Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар робита  ба таъйиноти кадрӣ дар бархе аз мақомоти давлатии мамлакат, ки ҳафтаи равон ба амал бароварда шуданд, чоп намудааст. Ҳамзамон нашрияи расмии «НГ» хабару мақола ва гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат, назири «Хатлон подвел итоги года», «Олимджон  Мухаммазода: «Новая Программа повысит статус и значение  государственного языка», «В сентябре в Таджикистане  состоится юбилейный саммит ШОС», «Терроризм  как глобальная угроза», «Проект 5-звездочной гостиници стал лучшим», «Ученые НАНТ в борьбе с пандемией коронавируса», «Важность формирования политической  культуры молодежи», «Гулбарг Бокиева: «Народные ремесла свидетельствуют  о красоте и богатства нашего края», «Поголовье яков в Мургабе достигло около 20 тыс.голов», «Великий подвиг блокадного Ленинграда» мунташир намудааст.

«Минбари халқ»-  нашрияи марказии Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи 3 (1297. Чоршанбе 20 январи соли 2021) дар баробари чопи хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизб ва минтақаҳои мамлакат, ҳамзамон мақолаҳои хонданбобро таҳти унвони «Пешвои миллат ва оини ватандорӣ», «Нуқтаҳои меҳварии Паём тадбиқ шуданд», «Ташаббусҳои навҷотбахш» ё саҳм ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳалли  мушкилоти байналмилалии об, «Зиндагии арзанда барои ҳар як инсон- яке аз асосҳои сохтори Конститутсия», «Кумитаи рушди маҳал дар амал», «Трамп рафт, дағдағааш монд», «Шаш суиқасд ба ҷони Маҳатма Гандӣ», «Хурофотзадагӣ- омили асосии вопасгароӣ ва дармондагӣ», «Аутизм ва таъсири он ба кӯдакон» чоп намудааст, ки мутолиаи онҳо ба хонандагон ғизоӣ маънавӣ мебахшад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Январь 22, 2021 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд