Дар Балхи Афғонистон бар асари ҳамла ба мошини ҳомили занони сарбоз ду нафар ҳалок шуданд

Январь 13, 2021 08:31

ДУШАНБЕ, 13.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ин ҳамлаи террористӣ субҳи субҳи рӯзи сешанбе, 12 январ, дар ҳудуди ноҳияи панҷуми шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балхи Афғонистон рух додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ, сухангӯи корпуси 209-уми “Шоҳин” гуфт, ки зимни ҳамлаи афроди мусаллаҳи номаълум ба мошини артиш ду зани сарбоз кушта ва се нафари дигар, аз ҷумла ронанда, маҷрӯҳ шуданд.

Ризоӣ афзуд, ки ҳодиса субҳи рӯзи сешанбе, 12 январ дар ноҳияи панҷуми Мазори Шариф замоне рух дод, ки мошини ҳомили сарбозон ба сӯи корпуси артиш равон буд.

То ҳол ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла “Толибон” (мамнуъ дар Тоҷикистон), масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.

Январь 13, 2021 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бодғис дар натиҷаи таркиш ду полис ҷон бохтанд
Байден ИМА-ро ба СУТ ва созишномаи иқлим бозгардонид
Дирӯз Ҷозеф Байден ба ҳайси Президенти 46-уми Иёлоти Муттаҳида ба вазифа шурӯъ намуд
Дар натиҷаи таркиши мина дар назди бинои полиси Ҳирот шаш сарбози полис маҷрӯҳ шуданд
Набардҳои шадиди неруҳои амниятӣ бо «Толибон» дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон идома доранд
Сафорати ИМА дар Афғонистон амрикоиҳоро даъват мекунад, ки кишварро тарк кунанд
Дар Кобул ду судяи зан дар ҳамлаи шахсони мусаллаҳ кушта шуданд
Кушта шудани як ғайринизомӣ дар таркиши мошини бомбгузоришуда дар Ғазнӣ
Дар Индонезия бар асари силсилаи заминҷунбиҳо 26 нафар ҳалок шуда, 600 тан осеб дидаанд
Олимон: Соли 2050 ҳарорати Замин метавонад ба ҳадди буҳронӣ бирасад
Як корманди додгоҳи шикоятии Нангарҳор дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ кушта шуд
Дар Кобул бар асари кушторҳои ҳадафманд дар як шабонарӯз панҷ нафар ҷон бохтанд