Дар Боғи ботаникии Хуҷанд беш аз 200 бех дарахтони сӯзанбарг шинонида шуданд

Январь 18, 2021 10:21

ДУШАНБЕ, 18.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни  30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи ботаникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд беш аз 200 бех дарахтони сӯзанбарг шинонида шуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дарахтони сӯзанбарг аз тарафи кормандони Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳри Хуҷанд шинонида шуданд. Дар ҷараёни ниҳолшинонӣ  муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода иштирок намуда, зикр намуд, ки ҳашари умумии ниҳолшинонӣ бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд ташкил карда шудааст.

Кормандони Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳри Хуҷанд дар мавзеи мазкур ҳамчунин бехи ниҳолҳои дарахтони ороишию ҳамешасабзро нарм карда, корҳои тозакуниву ободонӣ анҷом доданд.

Масоҳати умумии Боғи ботаникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд беш аз 14 гектарро ташкил медиҳад. Боғи ботаникӣ бо мақсади парвариш ва гирд овардани набототи минтақа, растаниҳои нодиру ороишӣ, мевадиҳандаю сояафкан, ба иқлим мутобиқгардонии растаниҳои нави фоидаовар, дар шароити сунъӣ нигоҳ доштани растаниҳои камёфт ва намудҳои нобудшаванда, аз ҷумла дигар обектҳои ботаникие, ки хусусияти муҳими илмӣ ва фарҳангӣ доранд, бунёд шудааст.

Январь 18, 2021 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд