Дар деҳаи Сангистони Айнӣ боғи суперинтенсивӣ бунёд карда мешавад

Январь 6, 2021 10:03

ДУШАНБЕ, 06.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Соли равон  дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ  боғи суперинтенсивӣ бунёд карда мешавад. Дар боғи бунёдшаванда, пеш аз ҳама, дарахтони мутобиқ ба иқлими маҳал, аз ҷумла себ шинонида мешаванд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, иқлими ноҳия барои боғпарварӣ мусоид буда, сокинони ноҳия аз ин ҳисоб метавонанд даромади хуб ба даст оранд. Имрӯзҳо дар ноҳияи Айнӣ ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷанбаи сердаромади соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ,  ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имконияти содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайян ишғол менамояд.

Тавре директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров зимни яке аз мусоҳибаҳои худ ба АМИТ “Ховар” иброз дошта буд, имрӯзҳо талаботи аҳолӣ ба меваи себ,  ки дар боғҳои интенсивӣ ва  суперинтенсивӣ хуб парвариш ёфтааст, зиёд мебошад.

Ба андешаи мутахассис, боғҳои интенсивӣ ва  суперинтенсивӣ назар ба боғи анъанавӣ серҳосилу фоидаовар мебошанд. Давоми чанд соли охир дар боғҳои интенсивӣ ва  суперинтенсивӣ асосан ниҳолҳои зардолу, себ, олу ва шафтолу парвариш карда мешаванд.

Январь 6, 2021 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд