Дар Душанбе Форуми VIII анҷуманҳои дӯстӣ бахшида ба 75-солагии Созмони Милали Муттаҳид, 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 95-солагии Россотрудничество доир шуд

Январь 9, 2021 11:17

ДУШАНБЕ, 09.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.   Бо ташаббуси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (минбаъд ҶДРФТ) якҷоя бо Намояндагии  Россотрудничество дар Тоҷикистон ва дастгирии Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 75-солагии Созмони Милали Муттаҳид, 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 95-солагии Россотрудничество Форуми VIII анҷуманҳои дӯстӣ доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ  Файзулло Тиллоев хабар дод, дар кори Форуми мазкур намояндагони корпуси дипломатӣ, аъзои Раёсат ва фаъолони ҶДРФТ, роҳбарони ҷамъиятҳои дӯстии алоҳидаи дар назди ҶДРФТ фаъолияткунанда, роҳбарону аъзои иттиҳодияҳо ва марказҳои фарҳангии ақаллияти миллии муқими Тоҷикистон, аҳли зиё, донишҷӯёни мактабҳои олии шаҳри Душанбе  ва хабарнигорон иштирок доштанд.

Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев иброз дошт, ки ташкил намудани Форуми анҷуманҳои дӯстӣ, конфронсҳои илмиву амалӣ, ки бо ташаббуси ҶДРФТ, Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Россотрудничество баргузор мешаванд, ба таҳкими дӯстӣ ва бародарии халқу миллатҳои гуногуни муқими Тоҷикистон ва берун аз он мусоидат менамоянд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин-Фролов иброз дошт, ки баргузории Форуми мазкур ба ҳукми анъана даромада, барои ҷомеаи имрӯза махсусан муҳим арзёбӣ мешавад ва ба ҷавонон имкон медиҳад, ки бо таъриху фарҳанг ва тамаддуни халқу миллатҳои гуногун аз наздик шинос шаванд.

Роҳбари Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Иван Иванов ба фаъолияти ҶДРФТ таҳти роҳбарии Сайдулло Хайруллоев баҳои баланд дода, ҳамзамон таъкид кард, ки ҶДРФТ дар тақвияти ҳамкории байналмилалӣ, фароҳам овардани шароит барои дӯстии қавму миллатҳои гуногун, боз намудани роҳи муколамаи сулҳ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши арзанда дорад.

Муовини Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Мушаррафа Шарипова оид ба 75-солагии Созмони Милали Муттаҳид, 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва доир ба таърихи 95-солагии Россотрудничество маърӯза кард. Академик, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Покистон» Кароматулло Олимов, муовини раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Россия» Меҳринисо Нағзибекова, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Куба» Ҷӯра Латипов, намояндаи Маркази миллӣ-фарҳангии «Дуслик»-и тотору бошқирдҳои Тоҷикистон Таскира Мирхайдарова, муовини раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Япония» Умед Мансуров ва дигарон сухан намуданд.

Дар анҷоми Форуми VIII анҷуманҳои дӯстӣ аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин-Фролов ба Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев Сипоснома тақдим гардид.

Сайдулло Хайруллоев ба роҳбари Намояндагии  Россотрудничество дар Тоҷикистон Иванов Иван Сергеевич, фаъолони ҶДРФТ Хамзина Римма, Пушкарёва Валентина, Хаджаева Людмила, Мансуров Умед Ифтихорномаи Раёсати ҶДРФТ-ро супорид.

Форуми VIII анҷуманҳои дӯстӣ дар рӯҳияи бародариву рафоқат ва ифтихормандӣ баргузор гардида, бори дигар инъикосгари ватани сулҳпарвари Тоҷикистон — хонаи умеди халқу миллатҳои гуногун, намоишдиҳандаи сиёсати хирадмандонаи давлати мо дар масъалаи муносибати байни халқҳову давлатҳо гардид.

Январь 9, 2021 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Испания нусхаи эътимоднома супорид
Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Номинаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид
Дар Душанбе ҷаласаи хадамоти ҳуқуқии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидшавандаи Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ гардид
«Равобит бо олами Ғарб: нақши Пешвои миллат ва дипломатияи тоҷик». Таҳти чунин унвон китоби нав ба нашр расид
Гузориши даврии Тоҷикистон дар хусуси татбиқи Конвенсияи 2003 оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ қабул гардид
Масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои директорони Бунёди иқлими сабз дар Душанбе баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини раиси Шурои Федералии Федератсияи Русия мулоқот намуд