ФАЙЗОБОД, 06.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ дар ноҳияи Файзобод аз 15 декабри соли 2020 то 2 январи имсол 587 ҳазору 900 киловатт-соат неруи барқ сарфа шудааст. Дар ин муддат тавассути гузаронидани санҷишҳои муштарак нисбат ба 23 нафар сокинони ноҳия барои ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, онҳоро ба маблағи 14 ҳазору 996 сомонӣ ҷарима намуданд. Дар ин бора сардори Шабакаҳои барқи ноҳияи Файзобод Файзиддин Қаландаров ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Ҳамчунин дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳии гурӯҳҳои корӣ қарзҳои истифодаи неруи барқ ба маблағи 497 ҳазору 11 сомонӣ аз ҳисоби корхонаву ташкилот ва сокинони ноҳия баргардонида шуданд.
Вале масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод аз додани иттилоъ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ҷиҳати муҳайё намудани нуқтаҳои фурӯши ангишту ҳезум ва маводи сӯзишворӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ дар асоси амри раиси ноҳия ва ба роҳ мондани фаъолияти ҳаммомҳо, нонпазхонаҳою ошхонаҳо бо ҳезуму ангишт худдорӣ намуданд.