Дар Исфара маблағи аз ҳисоби қарздорӣ аз барқ рӯёнидашуда 3 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил намуд

Январь 14, 2021 08:20

ДУШАНБЕ, 14.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Исфара 4 гурӯҳи корӣ созмон ёфта, аз 10 декабр то 8 январ маблағи аз ҳисоби қарздорӣ аз барқ рӯёнидашуда  зиёда аз 3 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил намуд.

Дар ҳамин давра дар ноҳияи Мастчоҳ 4 гурӯҳи корӣ фаъолият бурданд, ки дар натиҷа зиёда аз 2 770 000 сомонӣ маблағи қарзӣ барқарор карда шуд.

Дар шаҳри Гулистон аз ҷониби 7 гурӯҳи корӣ қариб 2 500 000 сомонӣ маблағи қарзӣ ҷамъоварӣ гардид, ки асосан аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ мебошад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои истифодаи беҳудаи неруи барқ ва тарғиби сарфаю сариштакорӣ, ки метавонад иқтидори энергетикии мамлакатро боло барад, ситодҳои корӣ ташкил ва таҳти роҳбарии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият доранд.

Ин се шуъбаи мақомоти корҳои дохилӣ дар иҷрои талаботи барномаи давлатӣ, ки ҳадафи он таъмини истиқлолияти энергетикӣ мебошад, фаъолияти пурсамар доранд.

Ҳамчунин оид ба оқилонаву сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани неруи барқ Муроҷиатномаи ШСХК «Барқи тоҷик» вобаста ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба истеҳсолу интиқоли саривақтии қувваи барқ пешниҳоди аҳолӣ гардида буд. Вазъи баамаломада шаҳрвандон, роҳбарони корхонаву ташкилотро водор месозад, ки барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва ҳифзи он ҳисса гузоранд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро зарур аст дар ҳолатҳое, ки мумкин аст, истифодаи барқро бо дигар неруҳои гармидиҳӣ иваз намоянд ё ҷойи истифода аз таҷҳизоти баландшиддат технологияҳои каммасраф ба кор баранд.

Ҳамарӯза фаъолияти гурӯҳҳои корӣ таҳлилу ҷамъбаст ва барои натиҷабахшии фаъолият дастур дода мешавад. Имконияти самараноки кор бо муштариёни барқ ва аз ҳисоби қарздорон рӯёнидани маблағ мавзӯи меҳварии ҷаласаҳои корӣ аст.

Тавре аз натиҷаҳои корбарӣ бармеояд, ҳолатҳои худсарона пайваст намудани ноқилҳои барқӣ берун аз ҳисобкунаки барқӣ — яъне дуздии барқ низ ҷой доранд, ки барои бартараф намудани чунин ҳолатҳо гурӯҳҳои корӣ аз таъсиррасониҳои ҳуқуқӣ истифода мебаранд.

Январь 14, 2021 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҳисобкунаки интелектуалӣ насб мешавад
ТАВАҶҶУҲ! Дар ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» телефонҳои боварӣ ташкил карда шуданд
«GREEN AUTO». Татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» ба пешрафти ин соҳа мусоидат менамояд
Дар Самарқанд лоиҳаи нави «Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ (SECCA)» ба роҳ монда шуд
Дар Павилиони Тоҷикистон дар ҳошияи COP27 дар Шарм-уш-Шайхи Миср интиқоли энергияи тоза дар саросари ҷаҳон баррасӣ шуд
БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БАРЕД! Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба аҳолии мамлакат
Мирзо Исмоилзода: Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ беш аз 15 млрд кВт. соатро ташкил дод
Фатҳиддин Усмонзода: Ба миқдори 300 ҳазор кВт/соат ба ҳисоби миёна қувваи барқро сарфа кардем
Дар Бадахшон ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ қарзи истифодаи барқ ҷамъоварӣ гардид
Дар маркази ноҳияи Хуросон 15 нуқтаи фурӯши ангишт ба сокинон хизмат мерасонанд
Ба сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтавои муроҷиатномаи «Барқи тоҷик» бо усули «Хона ба хона» расонида шуд
Санҷишҳои муштарак дар минтақаи Рашт 73 ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқро ошкор карданд