Дар маркази ноҳияи Хуросон 15 нуқтаи фурӯши ангишт ба сокинон хизмат мерасонанд

Январь 28, 2021 10:57

 ХУРОСОН, 28.01.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Дар ин рӯзҳо бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар ҳудуди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон 15 нуқтаи фурӯши ангишт ва 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ фаъолият доранд, ки шаҳрвандони ноҳия бе мушкилӣ ва бо нархҳои дастрас аз онҳо ангишти кони Айнӣ ва Зиддӣ мехаранд. Дар ин бора мутахассиси бахши иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон  Шариф Абдуҷабборзода  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.  

Ҷиҳати босарфа ва самаранок истифода бурдани қувваи барқ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Хуросон аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шабакаҳои барқ, фаъолону раисони маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодаанд. Ин корҳои тарғиботиро мардуми ноҳия хуб пазируфта, барои истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ҳамаҷониба кӯшиш доранд.

Маъюби гурӯҳи дуюм София Акбашова ҳамроҳи духтараш дар маркази ноҳияи Хуросон ба фурӯши ангишти кони Айнӣ машғул мебошад. Мавсуф гуфт, ки “зиёда аз 15 рӯз мешавад ҳамроҳи духтарам дар хизмати халқ қарор дорем. Ҳар халтаи ангиштро  бо нархи яклухти  26 сомонӣ  харида,  ба мардуми ноҳия бо  қимати  27 сомонӣ пешниҳод намудаем, ки як халтаи  он  зиёда аз 30 кг вазн дорад”.

София Акбашова  мегӯяд, ки сокинони ноҳия имсол ба хотири сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ бештар ангишт мехаранд. Махсусан дар рӯзҳои  ҳавои сард то 250 халта ангишт ба савдо меравад.

Сокини деҳаи Хуросони Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон  Бурӣ Ёдгоров иброз дошт, ки “аҳолии деҳот кӯшиш менамоянд дар фасли зимистон бештар сӯзишвории биологӣ истифода намоянд.  Ин  ба ҳукми анъана даромадааст, чунки аз даврони шӯравӣ сар карда,  то ба имрӯз  мардуми деҳот дар фасли тобистону тирамоҳ сӯзишворӣ, аз қабили ҳезум ва ангишт ҷамъоварӣ карда, дар фасли зимистон барои гармии хонаҳо  аз онҳо истифода мекарданд. Мо ҳоло ҳам аз печҳои аловӣ истифода менамоем, ки он имкон медиҳад қувваи барқ сарфа шавад”.

Январь 28, 2021 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар соҳаи энергетика ва захираҳои об матраҳ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҳисобкунаки интелектуалӣ насб мешавад
ТАВАҶҶУҲ! Дар ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» телефонҳои боварӣ ташкил карда шуданд
«GREEN AUTO». Татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» ба пешрафти ин соҳа мусоидат менамояд
Дар Самарқанд лоиҳаи нави «Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ (SECCA)» ба роҳ монда шуд
Дар Павилиони Тоҷикистон дар ҳошияи COP27 дар Шарм-уш-Шайхи Миср интиқоли энергияи тоза дар саросари ҷаҳон баррасӣ шуд
БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БАРЕД! Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба аҳолии мамлакат
Мирзо Исмоилзода: Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ беш аз 15 млрд кВт. соатро ташкил дод
Фатҳиддин Усмонзода: Ба миқдори 300 ҳазор кВт/соат ба ҳисоби миёна қувваи барқро сарфа кардем
Дар Бадахшон ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ қарзи истифодаи барқ ҷамъоварӣ гардид
Ба сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтавои муроҷиатномаи «Барқи тоҷик» бо усули «Хона ба хона» расонида шуд
Санҷишҳои муштарак дар минтақаи Рашт 73 ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқро ошкор карданд

Маводҳои таҳлилӣ