ДУШАНБЕ, 18.01.2021. /АМИТ “Ховар”/. Аз ҷониби ҶСК «Суғдиён»-и Агентии захираҳои моддии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб 5 нуқтаи фурӯши ангишт таъсис дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ медиҳад.
Ба тамоми нуқтаҳои фурӯш 100 тонна ангишт дастрас гардид, ки ҳамарӯза 2-3 тонна бо нархи 1 сомонӣ ба фурӯш бароварда мешавад.
Ҳадаф аз таъсиси нуқтаҳои фурӯши ангишт таъмини аҳолӣ бо сӯзишворӣ ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ мебошад. Дар робита ба ин масъала масъулини шаҳри Кӯлоб дар байни сокинон ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ менамоянд.
Масъулин ният доранд, ки дар ҷамоатҳои деҳот низ нуқтаҳои фурӯши ангишт таъсис диҳанд.
Бояд гуфт, самаранок истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд. Истифодаи мақсадноки неруи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳиму стратегии давлат ба ҳисоб меравад, аз ҳар шаҳрванд муносибати ҷиддӣ ва ғамхорона талаб мекунад.