Дар СУТ аниқ карданд, ки то чанд рӯз беморони COVID-19 сирояткунанда мебошанд
ДУШАНБЕ, 18.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Натиҷаҳои озмоиши тестии ПТСР-и одам метавонанд дар тӯли ҳафтаҳои зиёд пас аз сироят ёфтан мусбат бошанд. Аммо, ин маънои онро надорад, ки он сирояткунанда аст. Дар ин бора намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Россия Мелита Вуйнович дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо «Российская газета» иброз доштааст.
«Барои сирояткунанда будан бояд вируси зинда паҳн карда шавад», — шарҳ дод вай. — Тибқи таҳқиқоти пешакӣ, аксари беморон танҳо дар муддати 8-9 рӯз пас аз ошкор шудани нишонаҳои беморӣ сирояткунанда мебошанд, аммо давраи сирояткунии ашхосе, ки бемориро вазнин гузаронидаанд, метавонад тӯлонитар бошад».
Тавсияи СУТ барои давраи карантинии 14-рӯза ба маълумоти мавҷуда дар бораи давраи инкубатсионӣ асос ёфтааст. Тибқи маълумоте, ки ҳоло мавҷуд аст, давраи миёнаи инкубатсионӣ 5-6 рӯз ва ҳадди болоии он 14 рӯзро ташкил медиҳад. Ин асос барои тавсия додан дар мавриди муҳлати нисбии карантин мебошад.
Аммо фаҳмидани он, ки эпидемияҳо чӣ гуна шурӯъ мешаванд, барои пешгирии рӯйдодҳои минбаъдаи сироятёбии одамон муҳим аст.
«Аз лаҳзаи ошкор шудани гурӯҳи нахустини рӯйдодҳои бемории илтиҳоби шуши ғайримаъмулӣ (коронавирус маҳз ба бемории илтиҳоби шуши ғайримаъмулӣ марбут аст) дар Ухани Чин дар охири соли 2019, СУТ дар ҷустуҷӯи далелҳои воқеӣ дар хусуси он ки чӣ гуна вирус тавонист дар ибтидо аз ҳайвонот ба одамон интиқол ёбад, мебошад. Бо дарназардошти миқёс ва мураккабии пандемияи COVID-19 барои муайян кардани як ё якчанд соҳибони мобайнӣ ва манбаи вирус зарур аст, ки ҳамаҷониба якчанд таҳқиқоти ҳамоҳангшуда дар қаламрави Чин ва дигар кишварҳо гузаронида шаванд. Айнан дар ҳамин рӯзҳо як гурӯҳи байналмилалии олимон аз даҳ пажӯҳишгоҳ ва кишварҳо, аз ҷумла Россия рисолати худро дар Чин оғоз мекунад, то ин ки дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни чиниашон дар бораи пайдоиши вирус таҳқиқоти илмӣ анҷом диҳанд», — эзоҳ дод намояндаи СУТ.
АКСИ: Reuters








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






