Дар СУТ аниқ карданд, ки то чанд рӯз беморони COVID-19 сирояткунанда мебошанд

Январь 18, 2021 09:59

ДУШАНБЕ, 18.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Натиҷаҳои озмоиши тестии ПТСР-и одам метавонанд дар тӯли ҳафтаҳои зиёд пас аз сироят ёфтан мусбат бошанд. Аммо, ин маънои онро надорад, ки он сирояткунанда аст. Дар ин бора намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Россия Мелита Вуйнович дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо «Российская газета» иброз доштааст.

«Барои сирояткунанда будан бояд вируси зинда паҳн карда шавад», — шарҳ дод вай. — Тибқи таҳқиқоти пешакӣ, аксари беморон танҳо дар муддати 8-9 рӯз ​​пас аз ошкор шудани нишонаҳои беморӣ сирояткунанда мебошанд, аммо давраи сирояткунии ашхосе, ки бемориро вазнин гузаронидаанд, метавонад тӯлонитар бошад».

Тавсияи СУТ барои давраи карантинии 14-рӯза ба маълумоти мавҷуда дар бораи давраи инкубатсионӣ асос ёфтааст. Тибқи маълумоте, ки ҳоло мавҷуд аст, давраи миёнаи инкубатсионӣ 5-6 рӯз ва ҳадди болоии он 14 рӯзро ташкил медиҳад. Ин асос барои тавсия додан дар мавриди муҳлати нисбии карантин мебошад.

Аммо фаҳмидани он, ки эпидемияҳо чӣ гуна шурӯъ мешаванд, барои пешгирии рӯйдодҳои минбаъдаи сироятёбии одамон муҳим аст.

«Аз лаҳзаи ошкор шудани гурӯҳи нахустини рӯйдодҳои бемории илтиҳоби шуши ғайримаъмулӣ (коронавирус маҳз ба бемории илтиҳоби шуши ғайримаъмулӣ марбут аст) дар Ухани Чин дар охири соли 2019, СУТ дар ҷустуҷӯи далелҳои воқеӣ  дар хусуси он ки чӣ гуна вирус тавонист дар ибтидо аз ҳайвонот ба одамон интиқол ёбад, мебошад. Бо дарназардошти миқёс ва мураккабии пандемияи COVID-19 барои муайян кардани як ё якчанд соҳибони  мобайнӣ ва манбаи вирус зарур аст, ки ҳамаҷониба якчанд таҳқиқоти ҳамоҳангшуда дар қаламрави Чин ва дигар кишварҳо гузаронида шаванд. Айнан дар ҳамин рӯзҳо як гурӯҳи байналмилалии олимон аз даҳ пажӯҳишгоҳ ва кишварҳо, аз ҷумла Россия рисолати худро дар Чин оғоз мекунад, то ин ки дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни чиниашон дар бораи пайдоиши вирус таҳқиқоти илмӣ анҷом диҳанд», — эзоҳ дод намояндаи СУТ.

АКСИ: Reuters

Январь 18, 2021 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид