Дар Тоҷикистон боз як ширкати сайёҳӣ ба фаъолият шуруъ намуд
ДУШАНБЕ, 18.01.2021/АМИТ «Ховар»/. Қатъи назар аз паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 ва пайомадҳои он, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ривоҷу равнақи сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар робита ба ин, чанде пеш ширкати нави сайёҳии «Силкей эдвенче» иҷозатнома гирифта, ба фаъолият пардохт. Ҳамзамон, муҳлати амали иҷозатномаи ширкатҳои «Ҳабиба Турс», «Восток трэвел тур», «Айс тур» ва «Кошиф» тамдид гардид, хабар медиҳад АМИт «Ховавр» бо истинод ба рӯзномаи «Ҷумҳурият».
Ин нукта зимни ҷамъомади роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, ки бо иштироки раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода баргузор гашт, баён шуд.
Зимни ҳамоиш гуногунсозии таркиби сабади маҳсулоти сайёҳии Тоҷикистон, таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, нашри маводҳои нави иттилоотиву тарғиботӣ, пайдо намудани бозорҳои нав, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тоҷиддин Ҷӯразода аз роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ даъват ба амал овард, ки бо истифода аз имтиёзҳои дар соҳаи сайёҳӣ ҷоригардида, тамоми саъю кӯшиши худро барои дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (солҳои 2019 – 2021), таҳкими рушди сайёҳии дохилӣ ва ҷалби бештари аҳолӣ ба маконҳои тамошобоби ҷумҳурӣ дар мавсими нави сайёҳӣ ва тарғиби ҳаматарафаи Ҷашни байналмилали Наврӯз равона созанд.
Дар навбати худ, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори сипос намуда, ҷиҳати омодасозии барномаҳои мухталифи ҷолиб ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар риштаи сайёҳии дохилӣ, воридотӣ ва ҷалби бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба мамлакат омодагии худро изҳор доштанд.
АКС аз бойгонӣ








Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд






