ДАРАХТ БИНШОН! Сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ният доранд нақшаи ниҳолшинониро ду баробар зиёд иҷро намоянд

Январь 18, 2021 13:54

РӮДАКӢ, 18.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки сокинону соҳибкорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ҳудуди 16 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия ҳашарҳои дарахтшинонӣ ва сабзазоркунию гулшинонӣ  ҷараён доранд. 

Сармутахасиси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ  Абдуҳалим Давлатов иброз дошт, ки мувофиқи нақшаи тасдиқгардида, дар ноҳияи Рӯдакӣ бояд 8450 бех дарахт ва 10 897  бех гулу буттаҳо шинонида мешуданд. Хушбахтона, бо ташаббуси сокинони ватандӯсти ноҳия ва саҳми соҳибкорону кормандони сохторҳои давлатӣ то 15 январи имсол 10 897 бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуданд. Инчунин то ин рӯз дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот зиёда аз 17 055 бех гулу буттаҳои гуногун шинонида шуданд.

Абдуҳалим Давлатов гуфт, ки бо мусоид омадани боду ҳаво қариб ҳамарӯза дар ҳудуди ноҳия ҳашарҳои дарахтшинонӣ ва ободу зебогардонӣ гузаронида мешаванд. Сокинони ноҳия ният доранд, ки нақшаи дарахтшинониро ду баробар зиёд иҷро намоянд.

Январь 18, 2021 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд