Эпидемиологҳо: Имконияти сироят ёфтан бо COVID-19 дар кӯча чандон бузург нест

Январь 18, 2021 12:08

ДУШАНБЕ, 18.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Коронавирус дар дохили хона ба осонӣ паҳн мешавад, аммо эҳтимоли сироятёбӣ дар кӯча, ба гуфтаи эпидемиологҳо, чандон бузург нест. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора Би-би-сӣ иттилоъ додааст.

Ҳавои тоза ғилзати (консентратсияи) вирусро тунук мекунад. Дар ҳаво қатраҳои моеъ, ки дар дохилашон зарраҳои вирусӣ ҷой доранд, ба зудӣ бухор мешаванд. Инчунин шуоъҳои ултрабунафши офтоб вирусро дар берун  мекушанд.

Бо ҳар ҳол, сарфи назар аз ин омилҳо, ҳанӯз ҳам дар кӯча сироят ёфтан мумкин аст. Як таҳқиқот дар Чин нишон додааст, ки понздаҳ дақиқа муоширати рӯ ба рӯ дар берун барои сироят ёфтани як мард аз марди дигар кифоят кардааст.

Агар одам сироятёфта бошад, пас ӯ ҳангоми нафаскашӣ заррачаҳои вирусро паҳн мекунад, хусусан ҳамроҳи сулфа ё гулӯ афшонидан. Баъзе зарраҳо қатраҳое хоҳанд буд, ки қисми зиёди онҳо зуд ба замин меафтанд, аммо баъзеи онҳо метавонанд ба чашм, бинӣ ва даҳони дигарон бирасанд, агар онҳо аз шахси сироятёфта дар масофаи аз ду метр наздиктар бошанд. Одами сироятшуда инчунин дар фазо зарраҳои хурдтари аэрозолӣ паҳн мекунад. Дар дохили бино онҳо дар ҳаво ҷамъ мешаванд ва метавонад хатарнок бошанд, аммо дар берун онҳо зуд пароканда мешаванд. Агар шахси гирифтори коронавирус атса занад ё гулӯ афшонад, даҳону бинияшро бо кафи дасташ пӯшонида бошад ва баъдан дасташро ба рӯи чизе молида бошад, пас вирус метавонад дар он якчанд соат боқӣ бимонад.

Вале бояд дар хотир дошт, ки вирус ҳарорати пастро дӯст медорад ва дар зимистон дар берун ба муддати дарозтар зинда мемонад. Ғайр аз ин, дар фасли сармо дар кӯча оби бинӣ  хориҷ мешавад ва бисёриҳо аз рӯи одат онро бо дасти худ пок мекунанд ва дар натиҷа, эҳтимоли дар баъзе ҷойҳо ҷойгиршавии вирусҳо зиёд мешавад. Дар айни ҳол бисёр олимон ба хулосае омадаанд, ки миқдори вирусе, ки бо ин роҳ гирифтан мумкин аст, ҳадди ақалл аст, чунки он тақрибан пас аз 2 соат аз сатҳи замин нопадид мешавад.

Таҳдиди сироят дар ҷойҳои маҳдуд, дохили биноҳо имрӯз ҳам қобили мулоҳиза аст. Дар ҳар ҷое, ки ҳаракати ҳаво набошад, дар он ҷо рукуд ва ифлосшавӣ сар мешавад. Аз ин рӯ, табибон ба шумо маслиҳат медиҳанд, ки дар чунин ҷойҳо, масалан, дар растаҳои танг, хиёбонҳо ва ё ҳангоми дар навбати дароз истодан ниқоб пӯшед.

 

                                                         АКС аз сомонаи zelwa.by

 

Январь 18, 2021 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон