Эпидемиологҳо: Имконияти сироят ёфтан бо COVID-19 дар кӯча чандон бузург нест
ДУШАНБЕ, 18.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Коронавирус дар дохили хона ба осонӣ паҳн мешавад, аммо эҳтимоли сироятёбӣ дар кӯча, ба гуфтаи эпидемиологҳо, чандон бузург нест. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора Би-би-сӣ иттилоъ додааст.
Ҳавои тоза ғилзати (консентратсияи) вирусро тунук мекунад. Дар ҳаво қатраҳои моеъ, ки дар дохилашон зарраҳои вирусӣ ҷой доранд, ба зудӣ бухор мешаванд. Инчунин шуоъҳои ултрабунафши офтоб вирусро дар берун мекушанд.
Бо ҳар ҳол, сарфи назар аз ин омилҳо, ҳанӯз ҳам дар кӯча сироят ёфтан мумкин аст. Як таҳқиқот дар Чин нишон додааст, ки понздаҳ дақиқа муоширати рӯ ба рӯ дар берун барои сироят ёфтани як мард аз марди дигар кифоят кардааст.
Агар одам сироятёфта бошад, пас ӯ ҳангоми нафаскашӣ заррачаҳои вирусро паҳн мекунад, хусусан ҳамроҳи сулфа ё гулӯ афшонидан. Баъзе зарраҳо қатраҳое хоҳанд буд, ки қисми зиёди онҳо зуд ба замин меафтанд, аммо баъзеи онҳо метавонанд ба чашм, бинӣ ва даҳони дигарон бирасанд, агар онҳо аз шахси сироятёфта дар масофаи аз ду метр наздиктар бошанд. Одами сироятшуда инчунин дар фазо зарраҳои хурдтари аэрозолӣ паҳн мекунад. Дар дохили бино онҳо дар ҳаво ҷамъ мешаванд ва метавонад хатарнок бошанд, аммо дар берун онҳо зуд пароканда мешаванд. Агар шахси гирифтори коронавирус атса занад ё гулӯ афшонад, даҳону бинияшро бо кафи дасташ пӯшонида бошад ва баъдан дасташро ба рӯи чизе молида бошад, пас вирус метавонад дар он якчанд соат боқӣ бимонад.
Вале бояд дар хотир дошт, ки вирус ҳарорати пастро дӯст медорад ва дар зимистон дар берун ба муддати дарозтар зинда мемонад. Ғайр аз ин, дар фасли сармо дар кӯча оби бинӣ хориҷ мешавад ва бисёриҳо аз рӯи одат онро бо дасти худ пок мекунанд ва дар натиҷа, эҳтимоли дар баъзе ҷойҳо ҷойгиршавии вирусҳо зиёд мешавад. Дар айни ҳол бисёр олимон ба хулосае омадаанд, ки миқдори вирусе, ки бо ин роҳ гирифтан мумкин аст, ҳадди ақалл аст, чунки он тақрибан пас аз 2 соат аз сатҳи замин нопадид мешавад.
Таҳдиди сироят дар ҷойҳои маҳдуд, дохили биноҳо имрӯз ҳам қобили мулоҳиза аст. Дар ҳар ҷое, ки ҳаракати ҳаво набошад, дар он ҷо рукуд ва ифлосшавӣ сар мешавад. Аз ин рӯ, табибон ба шумо маслиҳат медиҳанд, ки дар чунин ҷойҳо, масалан, дар растаҳои танг, хиёбонҳо ва ё ҳангоми дар навбати дароз истодан ниқоб пӯшед.
АКС аз сомонаи zelwa.by








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






