Фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2020 назаррас арзёбӣ гардид

Январь 14, 2021 10:40

ДУШАНБЕ, 14.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Файзуллозода фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилиро дар соли 2020 назаррас арзёбӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Муовини Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Файзуллозода дар ҷаласаи мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ сухан гуфт. Ӯ ба фаъолияти кормандони мақомоти мазкур дар соли 2020 баҳои баланд дода, саҳми арзандаи онҳоро дар таъмини амнияту субот ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ назаррас арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои муҳими сиёсии дар пешистода, аз ҷумла ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷумҳурӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар фаъолияти хизматиашон барор таманно намуд.

Зимни ҷаласаи мушовара Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки давоми соли 2020 тамоми ҳайати шахсӣ, қувваю воситаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти таъмини амният ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии шаҳрвандон, пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба хизмат сафарбар гардиданд. Доир ба муайян ва ошкор кардани ҷиноятҳо дар давраи сипаригардида аз ҷониби кормандони милитсия якчанд чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, ашхоси ҷиноятпеша ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Дар ҷаласаи мушовараи Рамазон Раҳимзода камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро мавриди муҳокима қарор дода, ба тамоми сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ошкор намудани ҷиноятҳои солҳои пешин, дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарор дошта, тартибу низом ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳои мошингард, таъмини амният, оромию осоиштагӣ, пешгирӣ аз содиршавии ҷиноят ва дигар қонунвайронкуниҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити зист, гузаронидани барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, корҳои пешгирию фаҳмондадиҳӣ бо мақсади сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ миёни аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Январь 14, 2021 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд