Фаъолияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар соли 2020 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт

Январь 13, 2021 14:01

ДУШАНБЕ, 13.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Беҳтар гардонидани сифати таҳсил, омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», тақвият бахшидани фаъолияти муассисаҳои таълимии тамоми зинаҳои таҳсилот, таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ ва омӯзгорони соҳибихтисос, татбиқи амалии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», тибқи квотаи Президентӣ қабул намудани хонандагони лаёқатманди ноҳияҳои дурдасти мамлакат ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва як қатор дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 январ зимни баргузории ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, муовини якуми вазир Муҳаммаддовуд Саломиён, муовинони вазир Латофат Назирӣ ва Диловар Қодирзода, намояндагони вазорату кумитаҳо, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олиии касбӣ, директорони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ, литсейҳои хонандагони болаёқат, мактабҳои Президентӣ ва кормандони вазорат иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа муовини якуми Вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён доир ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба ин зинаи таҳсилот, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот, таъмини муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ, фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, марказҳои инкишофи кӯдак, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, саҳми муассисаҳои илмии тобеи вазорат дар таҳқиқу арзёбии низоми муосири таълим, рушди маблағгузории соҳа, сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ, рушди равобити байналмилалии вазорат, таъмини хонандагону муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ сухан гуфт.

Ҳамзамон татбиқи барномаҳои давлатӣ — «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020», «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020», «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» ва дар ин замина «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030», «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021», «Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021»-ро дар соли 2020  мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷаласа сардори раёсати маорифи ВМКБ, директори мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба музокира баромада, фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2020 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Дар охир доир ба масъалаҳои баррасишуда ва таклифу пешниҳодоти ироашуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба як гурӯҳ кормандони соҳа барои саҳми арзанда дар рушди соҳа ва фаъолияти хуб нишон додан дар соли 2020 Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Январь 13, 2021 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад