Хонандаи тоҷик Лайло Ёқубова дар Фестивали байналмилалии «Шодии Тошканд» ғолиб гардид

Январь 28, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 28.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, узви маҳфили «Рассоми эҷодкор»- и Маркази таҳсилоти иловагӣ Лайло Ёқубова дар 8 — умин Фестивали байналмилалии «Шодии Тошканд» иштирок намуда, ғолиб гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоот ва таҳлилии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд хабар медиҳад.

Лайло Ёқубова таҳти роҳбарии Нозима Раҳимбоева ба кумитаи тадорукот озмуни мазкур, ки тариқи фосилавӣ баргузор гардид, расмҳои кашидаашро дар мавзӯъҳои «Олами рангини кӯдакон», «Ҷаҳоне, ки ман сукунат дорам», «Ватани ман», «Орзуи ман» пешниҳод намуд.

Фестивали байналмилалии кӯдакон «Шодии Тошканд» аз соли 2004 инҷониб аз ҷониби Академияи рассомии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ду сол як маротиба байни кӯдакони аз 5 то 15-сола баргузор мегардад. Имсол ба кумитаи тадорукоти 8 — умин Фестивали байналмилалии «Шодии Тошканд» зиёда аз 2 ҳазор асарҳои кӯдакон аз 27 кишвари олам, аз ҷумла Франсия, Ҳиндустон, Чин, Амрико, Озарбойҷон, Малайзия, Миср, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Исроил, Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Латвия ва ғайра пешниҳод гардиданд.

Асарҳои тасвирнамудаи Лайло Ёкубова дар намоишгоҳи доимии 8 — умин Фестивали байналмиллалии «Шодии Тошканд» ба намоиш гузошта мешаванд.

Январь 28, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад