Кормандони Агентии назорати маводи нашъовар дар назди биноҳои истиқоматии пойтахт арча шинониданд

Январь 12, 2021 10:05

ДУШАНБЕ, 12.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи кормандони  Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бино ва майдончаҳои варзишии марбут ба Агентӣ, воқеъ дар кӯчаи Миралӣ, 126,  назди биноҳои 85, 87 ва 89-и кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ, инчунин дар назди биноҳои 1/4, 1/6 ва 1/7 кӯчаи Хоразмии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ниҳолҳои арча шинонида шуданд. Дар ин бора аз шуъбаи равобит бо ҷомеаи ситоди Агентӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

«Роҳбарон ва ҳайати шахсии Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари умумии ниҳолшинонӣ ва зебогардониро  дар доираи истиқболи ҷашни умумимиллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани пойтахти ҷумҳурӣ ташкил намуданд»,-афзуд манбаъ

Кормандони Агентӣ дар маҳаллаҳои мазкур ва атрофи биноҳои маъмурии Агентӣ ҳамчунин бехи ниҳолҳои дарахтони ороишию ҳамешасабзро нарм карда, корҳои тозакуниву ободонӣ анҷом доданд.

Январь 12, 2021 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд