КВД «ПЛИН»-и Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ғолиби озмуни «Дӯстии халқҳо» гардид

Январь 8, 2021 14:32

ДУШАНБЕ, 8.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» (ПЛИН)-и Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ғолиби озмуни «Дӯстии халқҳо» гардида, бо дипломи «Беҳтарин таҳиягари қисми конструктивии лоиҳаҳо дар соли 2020» сарфароз гардид. Дар ин бора аз Вазорати наклиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дипломи мазкурро ба сардори КВД «ПЛИН» Валиҷон Махсумов тақдим намуда, гуфт, ки «дар ҳақиқат дар муддати начандон тӯлонӣ  корҳо дар Пажуҳишгоҳ ҷоннок гардида,  беҳтарин мутахассисон ба кор ҷалб шуданд. Ин, албатта, аз қобилияти кордонӣ ва ташкилотчигии роҳбар вобастагии калон дорад. Мо итминон дорем, ки ин муваффақияти ягонаи Пажуҳишгоҳ набуда, кормандони он боз ба пешравиҳои зиёд ноил мешаванд» .

КВД «ПЛИН» иҷрои корҳои ҷустуҷӯӣ-лоиҳакашии иншооти «Сохтмони роҳи автомобилгард аз деҳаи Ваҳдат то деҳаи Кокули вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтмони пули мошингузари овезон болои рӯдхонаи Панҷ, ба тарафи деҳаи Ойхоними вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон» — ро бо муваффақият ба анҷом расонда, лоиҳаи мазкурро ба озмун «Оид ба интихоби беҳтарин таҳиягари ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ дар соли 2020» пешниҳод намуд.

Озмуни мазкур бо номи «Дӯстии халқҳо» аз тарафи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардидааст.

Тибқи қарори комиссияи озмун аз 22 декабри соли 2020,  дар он  КВД «ПЛИН» — и Вазорати нақлиёти мамлакат ғолиб омада, бо дипломи «Беҳтарин таҳиягари қисми конструктивии лоиҳаҳо дар соли 2020» сарфароз гардид.

Сардори корхона Валиҷон Махсумов изҳор дошт, ки «ин ғолибият  мояи ифтихори мост, он  муваффақияти ҳамаи коргарони корхона буда, саҳми роҳбарияти Вазорати нақлиёт дар он хеле калон аст».

Имрӯз сафи мутахассисони соҳибтаҷриба ва ҷавон дар Пажуҳишгоҳ зиёд гардида, онҳо аз шароити кор ва музди меҳнаташон қаноатманданд, ки ин дилгармиро нисбат ба кор дучанд мегардонад.

Январь 8, 2021 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд