Муроҷиатномаи ширкати «Барқи Тоҷик» ба мардуми Тоҷикистон

Январь 6, 2021 10:12

ДУШАНБЕ, 06.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» аз номи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» муроҷиатнома расидааст, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Аз ҳамаи муштариён хоҳиш менамоем, ки дар ин  вазъият дар  ҷои  кор  ва   дар  манзилҳои  истиқоматии  худ аз  барқ сарфакорона истифода баранд ва дар бобати таъмини бештари мамлакат бо неруи барқ саҳм  гузоранд».

Матни пурраи муроҷиатномаи мазкур инҷо манзур мешавад:

-Дар  мамлакати   мо  манбаи  асосии  истеҳсоли неруи  барқ  оби  дарёҳо  ба  ҳисоб  рафта,  ҳамасола ҳаҷми  истеҳсоли  он аз рӯи  захираҳои  об дар  аввали  сол  ба  нақша  гирифта  мешавад.  Ин  дар ҳоле,  ки  захира  кардани  об дар  обанборҳо    дар  фасли баҳор оғоз гардида, дар фасли тобистон ба   анҷом мерасад.  Маҷрои  оби  дарёҳо ва  вобаста  ба  он захира намудани об дар обанборҳо  ба  тағйирёбии  иқлим, шароити  обу  ҳаво  ва  омилҳои  дигари  табиӣ  алоқамандии бевосита  дошта,  пешгӯии  ҳолат ва сатҳи  оби  дарёҳо  хеле душвор мебошад.

Тавре ки  қаблан  ба  шумо   иттилоъ дода  будем, маҳз бо  таъсири  омилҳои зикршуда,  яъне  камшавии  захираҳои об  дар ҳавзаи  ташаккули дарёи  Вахш  соли  сипаришуда  ба  нақшаи   таъмини  соҳаҳои    иқтисодӣ  ва  иҷтимоии   мамлакат бо  неруи барқ  мушкилоти  зиёд   ворид кард. Вобаста ба ин, ҳанӯз 28 июли соли 2020 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Муроҷиатнома  ба мардуми Тоҷикистон» сокинони мамлакатро ба яке  аз  роҳҳои  асосии  ҳалли  мушкилоти  баамаломада — сарфакории неруи барқ даъват намуд.

Дар баробари ин, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи Тоҷик» низ ҷиҳати қонеъ гардонидани  талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёти миллӣ ба барқ  як қатор тадбирҳои таъҷилӣ андешида шуданд. Аввалан, пеш аз муҳлатҳои дар шартномаҳои байнидавлатӣ зикршуда  интиқоли неруи барқ ба кишварҳои ҳамсоя қатъ карда шуд.

Бо  сабаби   сардиҳои шадиди оғози фасли  зимистон ва тӯлонӣ  пешбинӣ шудани  сардиҳои имсола  хавфи нарасидани  захираи об то охири зимистон дар обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» пеш  омадааст. Ҳоло  сатҳи обанбори  Неругоҳи барқи обии  «Норак» дар  муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта  чор  метр паст аст.

Дар Тоҷикистон  дар солҳои соҳибистиқлолӣ  иқтидорҳои нави энергетикӣ бунёд ва  як силсила неругоҳҳои мавҷуда  таҷдиду навсозӣ карда шуданд.  Вале захираи об дар кишвари мо  то ҳанӯз фақат  ҳамин обанбори  Неругоҳи  барқи обии «Норак» мебошад. Илова бар ин, Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе, ки он бо муваффақият фаъолият дорад ва ду агрегати неругоҳи «Роғун» муназзам кор карда истодаанд. Вале дар баробари ин талабот ба барқ дар мамлакат  сол то сол меафзояд.

Ҳамватанони муҳтарам!

Ҳоло вазъият ҷиддист ва эҳтимоли то баҳор нарасидани захираҳои об  ба миён омадааст. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки чанд муддат дар   мамлакат —  дар он мавзеъҳое, ки биноҳои баландошёна мавҷуд нестанд ва имкони истифодаи дигар манбаъҳои гармӣ мавҷуд аст, интиқоли барқ маҳдуд карда шавад. Маҳдудият  аз  5 январи соли 2021 асосан шабона ҷорӣ гардида, аз соати 23-00 шаб то соати 06-00 субҳ идома меёбад. Мо бовар дорем, ки ҳамватанони гиромӣ моро дуруст мефаҳманд, ки ин тадбир аз рӯи зарурат мебошад. Мақсад аз он пешгирӣ намудан аз  пурра сарф  шудани захираҳои об  буда, дар сурати гарм омадани моҳҳои минбаъдаи зимистон,  зиёд гардидани сатҳи об дар маҷрои дарёи Вахш ва захираи  оби обанбори  «Норак» имкони бекор кардани  маҳдудият ба назар гирифта шудааст.

Ҳамватанони азиз!

Ширкати «Барқи Тоҷик» ҳеҷ гоҳ хоҳишманди  маҳдуд кардани интиқоли барқ ва бе барқ гузоштани  мардум нест. Вале имрӯз вазъият ҳаминро тақозо менамояд.

Январь 6, 2021 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баррасӣ гардид
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад