Мусобиқаи футболи хурд дар Хоруғ бо пирӯзии футболбозони Дастаи таъйиноти махсуси милитсия анҷом ёфт
ХОРУҒ, 18.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони ҷузъу томҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳайати ҳафт даста барои ба даст овардани Ҷоми Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз намуди футболи хурд давоми бештар аз як ҳафта мубориза бурданд. Футболбозони тими мунтахаби Дастаи воҳиди таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз аввали мусобиқа рақибони худро шикаст дода, ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар бозии ниҳоӣ бо дастаи Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилоят низ аз худ маҳорату истеъдоди баланд нишон дода, дар натиҷаи ҳамлаҳои пай дар пай бо ҳисоби ҳафт бар сифр рақиби худро шикаст доданд.
Муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят Аъзам Толеъзода ғолибони мусобиқаро аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба хотири 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ ва пирӯзӣ дар ин мусобиқа табрик намуда, изҳор дошт, ки “чунин мусобиқаҳо на танҳо ҷисму рӯҳи шуморо қавӣ мегардонанд, балки барои таҳкими дӯстию рафоқат ва ҳамкорӣ байни ҷузъу томҳои Вазорати корои дохилии ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят тасмим гирифтем, ки дар остонаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ мусобиқаи вилоятӣ аз намуди футболи хурд барои Ҷоми Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ байни ҷавонон баргузор кунем, ки дар он дастаҳои ҷузъу томҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат мекунанд. Аз ин рӯ аз аъзои дастаҳои ғолиб даъват мекунам, ки бештар тамрин кунанд, маҳорату истеъдоди худро баланд бардоранд, зеро дар ин мусобиқа беҳтарин футболбозони дастаҳои мунтахаби шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат меварзанд”.
Ғолибони мусобиқа бо Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ, ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.









ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






