ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 17+19 дараҷа гарм мешавад

Январь 21, 2021 08:09

ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва камабри бебориш дар назар буда, ҳарорат дар шаҳри Душанбе 17+19 дараҷа гарм мешавад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  тағйирёбандаи  бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17  дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  23-28 ва рӯзона 4-9 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук  то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук  ва рӯзона  2+7 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб  бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Шамол аз самти  ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  0+2 ва рӯзона   17+19 дараҷа гарм  мешавад.

Январь 21, 2021 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад