Озмун ҷиҳати дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ҷараён дорад

Январь 28, 2021 08:50

ДУШАНБЕ, 28.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре  қаблан иттилоъ дода будем, аз 25 январ то 14 феврали соли равон дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия» -и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе озмун баргузор мегардад.

Барои иштирок дар озмуни стипендияи Раиси шаҳри Душанбе 3 ҳазору 441 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе, ки ба унвони Комиссияи шаҳрии озмун ҳуҷҷат супорида буданд, иштирок намуда, аз рӯи низоми тестӣ санҷиш месупоранд.

Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар озмун хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе иштирок менамоянд. Дар айни замон хонандагони синфи 9-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт донишу малакаи худро санҷида истодаанд.

Озмун тариқи тестӣ аз рӯи барномаҳои таълимӣ сурат гирифта, саволномаҳои он бо дарназардошти шакли муассисаҳои таълимӣ дар алоҳидагӣ барои довталабон омода шудаанд.

Довталабон вобаста ба синфҳо гурӯҳбандӣ гардида, ба ҳар синф аз рӯйи 8 фанни таълимӣ саволномаҳои имтиҳони санҷиши тестӣ  пешниҳод мегарданд. Барои санҷиши тестии компютерӣ аз ҳар фанни таълимӣ 10 савол пешниҳод карда мешавад. Ба довталабон барои посух додан ба саволҳо аз фанҳои дақиқ 15 дақиқа ва фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ 10 дақиқа вақт ҷудо карда мешавад.

Барои гузаронидани санҷиши тестии компютерӣ аз ҳисоби коршиносон, омӯзгорон ва мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ гурӯҳи экспертӣ таъсис ёфтааст ва озмун таҳти назорати Комиссияи озмуни стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе, ки ҳайати он бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 декабри соли 2018 тасдиқ шудааст, сурат мегирад.

Бояд гуфт, ки довталабони стипендия хонандагону донишҷӯёне буда метавонанд, ки дар байни ҳамсинфон ва ҳамкурсон рафтори намунавӣ дошта (бо дарназардошти тавсияи хаттӣ аз ҷониби директори муассисаи таълимӣ), бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд (мувофиқи маълумотномаи хаттӣ оид ба ҷамъбасти баҳоҳо дар як соли охир) ва дар корҳои ҷамъиятии муассиса ва берун аз он иштироки фаъолона дошта бошанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳар сол барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд. Ин иқдом бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба насли наврас ва ҷавон аз соли 2017 инҷониб роҳандозӣ мегардад. Сол то сол сафи довталабони стипендияи мазкур зиёд гардида, ба хотири ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Ғолибони озмун, ки ба стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои соли таҳсили 2020-2021 шарафёб мешаванд, дар вазъияти тантанавӣ бо шаҳодатнома ва маблағҳои стипендия сарфароз мегарданд.

Январь 28, 2021 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид