Панҷ нафар дар вилояти Кописои Афғонистон бар асари таркиши мина ҷон бохтанд

Январь 4, 2021 09:05

ДУШАНБЕ, 4.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомот иттилоъ додаанд, ки ин ҳодиса нимаи дуюми рӯзи якшанбеи 3.01.2021 дар минтақаи бозори Сайёди вилояти Кописои Афғонистон рух додааст. Бар асари таркиши минаи магнитӣ дар вилояти Кописо панҷ нафар кушта ва ду нафари дигар маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии “tolonews.com.”

Муҳаммад Ҳусайн Санҷинӣ, раиси Шӯрои вилоятии Кописо, гуфт, ки ҳадафи ин ҳамлаи террористӣ автомашинае буд, ки дар он роҳбари Шӯрои уламои Кописо қарор дошт ва дар минтақаи Сайёди бозори вилоят ба вуқӯъ омад.

Вай афзуд, ки роҳбари Шӯрои уламои Кописо дар ин ҳодиса маҷрӯҳ шудааст.

Январь 4, 2021 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид