Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Россия дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 13.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия имрӯз зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Россия дар Тоҷикистон Лякин-Фролов Игор муҳокима гардиданд.
Котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода изҳор дошт, ки бо саъю кӯшишҳои ҳарду кишвар муносибатҳои дуҷониба имрӯз дар сатҳи шарикии стратегӣ қарор доранд. Ин муносибатҳо устуворона рушд мекунанд ва дурнамои равшану хуб ҳам дар пай доранд.
«Фикр мекунам, ки Шумо бо ман розӣ хоҳед шуд, ки муносибатҳои самимона, боэътимод ва дӯстонаи байни Президентҳои кишварҳоямон Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар рушди фаъолонаи робитаҳои дуҷониба нақши махсус доранд. Мулоқотҳо ва тамосҳои онҳо муносибатҳои дуҷонибаро бештар пешрафта ва муассиртар мегардонанд», — илова намуд Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.
Зикр гардид, ки дар тӯли зиёда аз чоряк асри ҳамкориҳои нек байни Тоҷикистон ва Россия беш аз 300 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки ба шарофати онҳо дар миёни кишварњоямон динамикаи устувори ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ бунёд ёфтаанд.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин афзуд, ки бо дарназардошти аҳамияти таҳкими робитаҳои дуҷониба, муайян кардани самтҳои нави умедбахши ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия, ки шарики стратегии мо мебошад, парлумони кишвар, алахусус Маҷлиси намояндагон минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқии дахлдор тадбирҳои мушаххас ва пайваста меандешад.
Тамосҳои фаъол ва кори муштараки роҳбарон ва аъзоёни парлумонҳои кишварҳои мо дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ, Ассамблеяи парлумонии СААД ва дигар мақомоти байнипарлумонӣ амалӣ карда мешаванд.
Вазифаҳои муштараки мо, бешубҳа, мусоидат ба таҳким ва рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ, рушди робитаҳои самарабахши доираҳои тиҷоратии ду давлат тавассути ташаккули инфрасохтори муосири муносибатҳои бозорӣ, фароҳам овардани фазои сармоягузорӣ ва ҷолибияти сармоягузорӣ, инчунин танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди ҳамкорӣ мебошанд.
Боварӣ дорам, ки мо роҳҳои нави истифодаи пурраи иқтидори Тоҷикистону Россияро пайдо карда, онҳоро дар оянда боз ҳам тақвият хоҳем дод, — гуфт дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар ҷараёни суҳбат инчунин дигар масъалаҳо муҳокима гардиданд.








ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОН. Дар робита ба овардани хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург сафар намуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Озарбойҷон тақвият меёбад
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Форуми 5-уми намояндагони парламентҳои давлатҳои аъзои гурӯҳи Авруосиё баргузор гардид
Маросими дар оромгоҳи Лучоб гузоштани қисмате аз хоки гӯристони Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад доир гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд
БАРНОМАИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Доир ба татбиқи он вохӯрӣ баргузор шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар Форуми дуюми занони Осиё иштирок намуданд
НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Рустами Эмомалӣ бо Тсюй Дунъюй мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд






