«Сада санаи офтоб аст», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Январь 28, 2021 14:03

ДУШАНБЕ, 28.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон матбуоти даврии Тоҷикистон рӯйдодҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ва ҷаҳонро дар саҳифаҳои худ нашр намудаанд.

Аз ҷумла, «Ҷумҳурият», ки нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар шумораи № 18, чоршанбе, 27 январи соли равон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»  ба нашр расонидааст. Дар шумораи №17, сешанбе, 26 январ таҳти номи «САДА санаи офтоб аст» маводе ба нашр расида, дар он оварда шудааст, ки ҷашни Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимаи форсизабонон буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукӯҳ, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзӣ, рақсу таронахонӣ, оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешуд. Сада омодагӣ ба киштукори баҳорӣ буда, бо омадани он мошинолоти кишоварзӣ таъмир ва ба мавсим тайёр карда мешаванд.

Дар шумораи дигари нашрияи мазкур роҷеъ ба корхонаи саноатии «Акиа  Авесто Автоматив Индастри» маълумот ба нашр расида, дар он зикр шудааст, ки корхонаи мазкур ширкати муштараки Тоҷикистон ва Туркия буда, фаъолияти худро моҳи январи соли 2018 дар асоси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва ширкати «Акиа Ulasim»-и Ҷумҳурии Туркия оғоз намуд.

«Акиа  Авесто Автоматив Индастри» дар ҷумҳурӣ ягона корхонаи саноатиест, ки мошинҳои мусофирбар ва боркаш истеҳсол менамояд. Бар замми ин, корхона тасмим гирифтааст, ки дар ҷумҳурӣ маркази хизматрасониҳои техникӣ бунёд намояд. Ин барои мамлакати мо таҷрибаи аввал буда, бешубҳа, дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд.

 «Садои мардум» — нашрияи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шумораи рӯзи сешанбе, 26 январи соли 2021, №10-11 (4272-4273) дар радифи хабару гузоришҳо  маводеро таҳти  сарлавҳаи «Самараи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон», «Бузургтарин маъракаи эмкунӣ дар ҷаҳон» нашр намудааст. Ҳамзамон дар ин шумора шакли пурраи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор шудааст.

Дар шумораи мазкур гузориши мукаммал аз ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум ба нашр расидааст, ки хонандагони нашрия имкон доранд онро мутолиа намоянд.

«Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон /ХХДТ/  дар шумораи 27 январи соли 2021, чоршанбе, №4 (1298) Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакатро ба нашр расонидааст. Инчунин зери сарлавҳаи «Туҳфаи Ҳукумат ба донишҷӯён» матлабе рӯи нашр омада, он ифтитоҳи бинои нави таълимӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бозгӯӣ мекунад.

Мавриди зикр аст, ки мавзӯъҳои «Аз пайраҳаи одамият то манзили саодат» ва «Сада- ҷашни аҷдодист» хонданибоб буда, хонандагон метавонанд аз шумораи №4 нашрияи «Минбари халқ»  пайдо намоянд.

 «Народная газета»-нашрияи русизабони Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз соли 1925 инҷониб рӯи чоп меояд, дар шумораи  № 4 (20285) 27 январи соли 2021 чун дигар нашрияҳои расмии мамлакат Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ чоп намудааст.

Ҳамзамон нашрияи расмии «НГ» хабару мақола ва гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат, ба монанди «В Душанбе проходит заседание Совета национальных координаторов государств- членов ШОС», «На российской военной базе в Таджикистане началась вакцинация от коронавируса», «Единственная в Таджикистане женщина- археолог», «Минздрав: перед обрядом «хатна» необходимо обследоваться», ««Комбинати шири Душанбе»- лидер по производству молочных продуктов», «Сада- предвестник весны» мунташир намудааст.

                                               Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Январь 28, 2021 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧАКАН-МЕРОСИ ШИГАРФИ ФАРҲАНГ». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад