Санҷишҳои муштарак дар минтақаи Рашт 73 ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқро ошкор карданд

Январь 22, 2021 10:36

 РАШТ, 22.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 декабри соли гузашта то 15 январи имсол дар минтақаи Рашт 6 миллиону 583 ҳазору 730 киловатт-соат қувваи барқ сарфа карда шудааст. Ин омор зимни бурдани корҳои фаҳмондадиҳии кормандони шабакаҳои барқи минтақаи Рашт дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои кории тарғиботӣ дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва истифода аз таҷҳизоти замонавии каммасраф миёни аҳолии ноҳияҳои Сангвору Лахш, Тоҷикободу Рашт ва Нуробод муайян гардид.

Дар ин бора муҳандиси реҷаи шабакаҳои барқи Рашт Фатҳулло Маҳмадхонов ба хабарнигори АМИТ  «Ховар»  Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Муҳосиби шабакаҳои барқи Рашт Назриддин Шарипов гуфт, ки мувофиқи маълумоти муҳосибот, қарзи дебитории шабакаҳои барқи минтақаи Рашт 41 миллиону 158 ҳазору 909 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 15 миллиону 839 ҳазору 381 сомонӣ аз ҳисоби муштариёни маишӣ ва боқимонда аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо ва сохтори тиҷоратии ноҳияҳои минтақаи Рашт мебошад. Хушбахтона, бо ташаббуси гурӯҳҳои тарғиботӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа 858 ҳазору 483 сомонӣ  қарзи истифодаи қувваи барқ баргардонида шуд.

Ҳамчунин дар ин  муддат бо гузаронидани санҷишҳои муштарак 73 ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ  ошкор карда шуда, ҷавобгарон барои зарари расонида  ба маблағи 113 ҳазору 841 сомонӣ  ҷарима шуданд. То имрӯз 78 ҳазору 546 сомонии он   рӯёнида шудааст.

Январь 22, 2021 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҳисобкунаки интелектуалӣ насб мешавад
ТАВАҶҶУҲ! Дар ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» телефонҳои боварӣ ташкил карда шуданд
«GREEN AUTO». Татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» ба пешрафти ин соҳа мусоидат менамояд
Дар Самарқанд лоиҳаи нави «Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ (SECCA)» ба роҳ монда шуд
Дар Павилиони Тоҷикистон дар ҳошияи COP27 дар Шарм-уш-Шайхи Миср интиқоли энергияи тоза дар саросари ҷаҳон баррасӣ шуд
БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БАРЕД! Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба аҳолии мамлакат
Мирзо Исмоилзода: Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ беш аз 15 млрд кВт. соатро ташкил дод
Фатҳиддин Усмонзода: Ба миқдори 300 ҳазор кВт/соат ба ҳисоби миёна қувваи барқро сарфа кардем
Дар Бадахшон ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ қарзи истифодаи барқ ҷамъоварӣ гардид
Дар маркази ноҳияи Хуросон 15 нуқтаи фурӯши ангишт ба сокинон хизмат мерасонанд
Ба сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтавои муроҷиатномаи «Барқи тоҷик» бо усули «Хона ба хона» расонида шуд
Сокинони ноҳияи Сангвор қарзи истифодаи қувваи барқро пурра баргардониданд