«Сарфаи неруи барқ-масъулияти ҳар яки мост»-таҳти ин унвон дар Суғд беш аз се ҳазор мақолаву хабар, гузоришу мусоҳибаҳо омода ва нашр шуданд

Январь 9, 2021 09:45

ДУШАНБЕ, 10.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Баҳри пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ тавассути воситаҳои ахбори омма- матбуоти даврӣ, телевизиону радио, сомонаи расмии бахши суғдии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар вилояти Суғд дар мавзӯи  «Сарфаи неруи барқ-масъулияти ҳар яки мост»  беш аз се ҳазор мақолаву хабар, гузоришу мусоҳибаҳо омода, нашр ва намоиш дода шуданд.

Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ  «Ховар» муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода иттилоъ дод, қариб як моҳ аст аз ҷониби бахши суғдии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  аъзою фаъолони ҳизб, раисони ташкилоти ибтидоӣ ва волонтёрону ҷавонон, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, баҳри иттилоотонии сокинон зиёда аз 55 ҳазор варақаи тарғиботӣ тақсим намудаанд.

Ҳадафи гурӯҳҳои корӣ ба аҳолӣ шарҳ додани муҳтавои Муроҷиатномаи  ширкати «Барқи тоҷик» барои мусоидат ба таъмини саросарии сокинони мамлакат бо неруи барқ ва инчунин корбарии сарфакоронаву мақсаднок ҳангоми истифодаи таҷҳизоти барқӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошад.

Амали мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти марказии ҳизб роҳандозӣ гардида, ҳамзамон то имрӯз аз ҷониби гурӯҳҳои кории тарғиботӣ дар миқёси вилоят бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои беҳдоштию санитарӣ беш аз 1970 мулоқоту суҳбат бо иштироки зиёда аз 200 ҳазор сокинону фаъолони шаҳру ноҳияҳо баргузор шудаанд.

Зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби гурӯҳҳои тарғиботӣ доир ба истифодаи оқилонаи неруи барқ, сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ, истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ ва намудҳои дигари гармкунӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар самти саҳмгузор будани ҳар фарди мамлакат дар таъмини сарфакорӣ ва кори муназзами энергетикии мамлакат суҳбатҳои рӯ ба рӯ доир гардиданд.

Ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо шуъбаву бахшҳои маориф дар шаҳру ноҳияҳо баҳри дастрасӣ ва маълумотнокии ҳар оилаи қаламрави вилоят ба муассисаҳои таҳсилоти  миёна матни тарғиботӣ дастрас карда шуда, ҳар як хонанда уҳдадор карда шуд, ки волидайни худро бо муҳтавои матни тарғиботӣ шинос намояд. То имрӯз  бо чунин усул зиёда аз  640  муассисаи таълимии вилоят дар кори  истифодаи оқилонаи неруи барқ саҳм гузошта истодаанд.

Январь 9, 2021 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҳисобкунаки интелектуалӣ насб мешавад
ТАВАҶҶУҲ! Дар ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» телефонҳои боварӣ ташкил карда шуданд
«GREEN AUTO». Татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» ба пешрафти ин соҳа мусоидат менамояд
Дар Самарқанд лоиҳаи нави «Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ (SECCA)» ба роҳ монда шуд
Дар Павилиони Тоҷикистон дар ҳошияи COP27 дар Шарм-уш-Шайхи Миср интиқоли энергияи тоза дар саросари ҷаҳон баррасӣ шуд
БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БАРЕД! Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба аҳолии мамлакат
Мирзо Исмоилзода: Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ беш аз 15 млрд кВт. соатро ташкил дод
Фатҳиддин Усмонзода: Ба миқдори 300 ҳазор кВт/соат ба ҳисоби миёна қувваи барқро сарфа кардем
Дар Бадахшон ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ қарзи истифодаи барқ ҷамъоварӣ гардид
Дар маркази ноҳияи Хуросон 15 нуқтаи фурӯши ангишт ба сокинон хизмат мерасонанд
Ба сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтавои муроҷиатномаи «Барқи тоҷик» бо усули «Хона ба хона» расонида шуд
Санҷишҳои муштарак дар минтақаи Рашт 73 ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқро ошкор карданд