Солеҳа Холмаҳмадзода дар шаҳри Турсунзода аз сокинон даъват намуд, ки бештар ба сабзавоткориву картошкапарварӣ ва пахтакорӣ афзалият диҳанд

Январь 9, 2021 11:05

ТУРСУНЗОДА, 09.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар шаҳри Турсунзода силсилавохӯриҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо интихобкунандагони дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  шаҳр баргузор гардида истодааст. Дар ин бора котиби матбуоти шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Вакили мардумӣ Солеҳа Холмаҳмадзода дар ин  вохӯриҳо вобаста ба самтҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунгузорӣ,  намояндагӣ ва фаъолияти байнипарлумонӣ дар соли 2020, истифодаи сарфакоронаю мақсадноки неруи барқ ва пешгирии исрофкории он сухан гуфт. Дар ин ҷамъомадҳо таъкид гардид, ки бо мақсади таъмини оила бо маҳсулоти ғизоӣ сокинонро мебояд ба истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон аҳамияти ҷиддӣ дода, бештар ба кишти зироати асосӣ, аз ҷумла сабзавоткориву картошкапарварӣ ва пахтакорӣ афзалият дода шавад.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин доир ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон, ҷалби онҳо ба донишандӯзиву касбомӯзӣ, ватандӯстӣ, пешгирӣ аз шомилшаавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», тақвияти робитаи оила бо муассисаҳои таълимӣ, ҷалби занону духтарон ба донишу ҳунаромӯзӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбат ороста шуд.

Солеҳа Холмаҳмадзода изҳор дошт,  ки  имсол дар мамлакат ҷашни  30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Вобаста ба ин дар шаҳри Турсунзода корҳои созандагию бунёдкорӣ идома дошта, аз сокинони шаҳр даъват ба амал овард, ки корҳои ободониро аз хонаву дар ва деҳаву маҳаллаи худ оғоз намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни бошукӯҳи 30- солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ  саҳми арзанда гузоранд.

Январь 9, 2021 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид